Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар "Abu Dhabi Grand Slam 2022"


Темур Раҳимов (аз чап), паҳлавони номдори тоҷик.
Темур Раҳимов (аз чап), паҳлавони номдори тоҷик.

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки шаби якшанбеи 23-юми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби – ба поён расид, медали биринҷӣ ба даст овард.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ дар ин давр Бекмурод Олтибоевро аз Узбекистон шикаст дод ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал Темур намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхоновро мағлуб карда, ба нимфинал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоиро ба Лукас Крпалек аз Ҷумҳурии Чех бохт. Темур Раҳимови 25-сола барои медали биринҷӣ ба гуштигири 23-солаи Словакия Мариус Физел пирӯз шуда, мақоми севумро касб кард.

Дар вазни +100 кило Лукас Крпалеки чех, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷур Спиҷкерси ҳолландиро шикаст дод, медали тило гирифт. Ҳарифаш бо медали нуқра сарфароз гардид. Ба ҷуз аз Темур Раҳимов, инчунин гуштигири Словения Энеҷ Маринич бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми октябр – боз се паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Дар вазни то 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал ба рақибаш Ҳаррисон Кассар аз Австралия дастболо шуд. Вай дар даври дувум Клен Кристофер Калҷулаидро аз Эстония шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард. Вале Ҷаҳонгири 22-сола дар чорякфинал аз Неманҷа Маҷдови 26-сола аз Сербия ноком шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш Теодорос Тсилидиси 26-солаи юнониро мағлуб кард, вале барои медали биринҷӣ аз Ҷеспер Сминки 24-солаи ҳолландӣ ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб гашт.

Комроншоҳи Устопириён баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 90 кило ба рақибонаш Карел Фоуберт аз Белгия ва Ушангӣ Маргианӣ аз Гурҷистон, дар чорякфинал аз Лорис Тассиери фаронсавӣ шикаст хӯрд. Комроншоҳ дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Дидор Ҳамза аз Қазоқистон бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Дар вазни то 90 кило Бека Гвиниашвилии гурҷӣ, ки дар финал Лорис Тассиери фаронсавиро шикаст дод, медали тило гирифт. Тассиер бо медали нуқра сарфароз гардид. Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Неманҷа Маҷдови сербиягӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Абубакри Акобир, ки дар вазни то 100 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Симеон Катаринаи ҳолландӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар вазни то 100 кило Киле Рейес аз Канада, ки дар финал Николоз Шаразадишвилиро аз Испания мағлуб кард, барандаи медали тило шуд. Ба рақибаш медали нуқра тақдим гардид. Александр Куколҷи сербиягӣ ва Шади Элнаҳаҷи канадагӣ бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохил буд. Аз байни онҳо танҳо як нафар – Темур Раҳимов – медал гирифт.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 21-уми октябр - дар сабқати мардон ду паҳлавони тоҷик - Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило, инчунин дар сабқати занон дар вазни то 57 кило Шоҳида Қаландарова ноком шуданд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 22-юми октябр - боз се варзишгари тоҷик - дар сабқати мардон Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кило ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило, инчунин Мавлуда Одинаева дар сабқати занон дар вазни то 63 кило аз медал бенасиб монданд.

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳафтум бо мақоми “Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузург” баргузор шуд, беш аз 400 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок карданд. Рақобатҳо дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифт.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 2 медали тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, инчунин як мақоми панҷум ва як мақоми ҳафтум ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 2 медали тило ,1 нуқра ва 1 биринҷӣ, инчунин як мақоми панҷум ҷойи дувумро азони худ кард. Мунтахаби Чин бо касби 2 медали тило ва 1 биринҷӣ, инчунин ду мақоми панҷум ҷойи севумро гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ, як мақоми панҷум ва як мақоми ҳафтум дар ҷойи 22-юм қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд. Ба барандагони медали тило 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим гардид.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо шуданд. Варзишгароне, ки медали тило гирифтанд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст оварданд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб карданд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ - гирифта буданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ва дар ин вазн Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиб шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG