Миронсоқ Ҷалилов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни наврасон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо оид ба услуби озод дар вазни 68 кило ҷойи дувумро гирифт.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ дар пойтахти Қазоқистон 143 варзишгар (писарону духтарони солҳои таваллудашон 2002-2004) аз 16 кишвар иштирок карданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби панҷ медали тило, як нуқра ва шаш биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби чаҳор медали тило ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби се медали тило ҷойи севумро азони худ карданд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни мардон ва занон барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Узбекистон, ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Намангон бо ширкати беш аз 250 варзишгар аз 22 кишвар баргузор шуд, се медал (як нишони нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Тоҷиддин Тӯйчиев дар вазни 90 кило бо медали нуқра, Ойбек Ҳамидов дар вазни 62 кило ва Абуэҳсон Ашӯрзода дар вазни 75 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Гуфтугӯ