Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 14-16-уми октябр дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван – баргузор шуд, ҳафт медал (1 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар дохил буд, ки дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ миёни наврасону навҷавонон иштирок карданд.
Медали тилоро Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар рӯзи охирини мусобиқот - 16-уми октябр - дар рақобатҳо миёни навҷавонони 18-20-сола оид ба самбои варзишӣ дар вазни беш аз 98 кило ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар финал гуштигири узбек Асрор Ҳамидовро мағлуб карда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.
Рӯзи якшанбе боз се варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни навҷавонон ба пояи фахрӣ баромаданд. Субҳиддин Халилзода дар вазни то 71 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Алӣ Дагоев, варзишгари русиягӣ, ки таҳти парчами FIAS (Федератсияи байнулмилалии самбо) ҳунарнамоӣ кард, мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Мусаниф Миробов дар вазни то 58 кило ва ва Анис Субадоров дар вазни то 64 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот - 14-уми октябр – дар намуди самбои варзишӣ миёни наврасони синнашон 14-16-сола (кадетҳо) ду варзишгари тоҷик - Муҳаммадамин Лоиқов дар вазни то 64 кило ва Аминҷони Абдулфайёз дар вазни то 71 кило барои ҷойҳои севум нишонҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар рӯзи дувуми қаҳрамонии ҷаҳон - 15-уми октябр - дар мусобиқаи наврасони 16-18-сола оид ба самбои варзишӣ Абдуллои Ориф дар вазни то 64 кило ба финал роҳ ёфт. Рақибаш Батдаваа Батҳуяг аз Муғулистон буд. Гуштигири муғул ғолиб шуда, медали тило гирифт. Абдулло бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван, ки 16-уми октябр ба поён расид, варзишгарони навраси 23 кишвар барои 55 маҷмуи медалҳо аз рӯи дараҷаҳои гуногуни вазнӣ рақобат карданд:
Кадетҳо (писарони 14-16-сола): 46 кг, 49 кг, 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, +88 кг.
Кадетҳо (духтарони 14-16-сола): 41 кг, 44 кг, 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, +72 кг.
Наврасон (16-18-сола): 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Духтарон (16-18-сола): 47 кг, 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.
Навҷавонон (18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Духтарон (18-20-сола): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг.
Самбои размӣ (навҷавонони 18-20-сола): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), бори аввал дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни навҷавонон доир гардид. Вале теъдоди варзишгарон дар ҳар як вазн хеле кам – чорнафарӣ (дар вазни -71 кило панҷ нафар) буданд. Дар ин намуд варзишгарони тоҷик иштирок накарданд.
Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби FIAS 1 (варзишгарони Русия) бо касби 51 медал (39 тило, 7 нуқра, 5 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 42 медал (5 тило, 13 нуқра, 24 биринҷӣ) ҷойи дувумро азони худ кард. Мунтахаби Узбекистон бо касби 17 медал (3 тило, 7 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифт.
Мунтахаби Муғулистон бо касби 14 медал (3 тило, 7 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, мунтахаби Қирғизистон бо касби 17 медал (1 тило, 6 нуқра, 10 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, мунтахаби Арманистон бо касби 20 медал (1 тило, 2 нуқра, 17 биринҷӣ) дар ҷойи шашум ва мунтахаби Тоҷикистон бо касби 7 медал (1 тило, 2 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум қарор гирифтанд.
Гуфтугӯ