Низомиёни Қирғизистон дар размоишҳои муштараки кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД), ки то 21-уми октябр дар Тоҷикистон мегузарад, иштирок нахоҳанд кард.
"Пештар мо тасмим гирифта будем, ки дар размоишҳои муштараки СПАД дар Тоҷикистон иштирок кунем, вале ба қароре омадем, ки иштирок накунем. Ин мавқеи Қирғизистон аст", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии Вазорати дифои Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми октябр.
СПАД чанде пеш хабар дод, ки тамрини нерӯҳояш аз 10-ум то 21-уми октябр дар Тоҷикистон хоҳад гузашт.
Нерӯҳои созмон роҳҳои аз байн бурдани гуруҳи мусаллаҳеро машқ мекунанд, ки ба қаламрави яке аз кишварҳои узв ворид шудааст. Бахши асосии тамрин дар Ҳарбмайдон 17-уми октябр оғоз хоҳад шуд.
Бино ба хабари СПАД, дар тамрин ҳудуди 1000 сарбозу афсар иштирок карда, аз 300 таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймову чархболҳо истифода хоҳад шуд.
Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.
Гуфтугӯ