Умедҷон Сайдуллозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти бози қаҳрамонии шаҳри Манчестери Англия оид ба таэквондо WT дар равияи пумсэ (Manchester open Poomsae championship) барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқот беш аз 400 варзишгар аз 9 кишвар иштирок карданд.
Умедҷони 41-сола рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, " дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Манчестер беш аз 400 варзишгар аз бошгоҳҳои варзишии Англия ва ҳашт кишвари дигар иштирок карданд. Феълан ман дар шаҳри Манчестер муҳоҷири корӣ ҳастам. Дар як фермае, ки бо парвариши клубника ё тути заминӣ машғул аст, кор мекунам. Ман дар ин мусобиқот Тоҷикистонро муаррифӣ кардам."
Бояд гуфт, ки ба далели пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ду сол пеш бисёр мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ лағв ва ё ба таъхир гузошта шуда буданд. Федератсияҳои байналмилалии варзишӣ барои гузаронидани баъзе аз чорабиниҳои онлайнӣ, ки бо иштироки як варзишгар сурат мегиранд, иқдом карданд.
Умедҷон Сайдуллозода моҳи июли соли 2020 дар мусобиқаи байналмилалии онлайнии Перу оид ба таэквондо дар равияи пумсэ, ки бо иштироки варзишгарони 26 кишвар доир гардид, мақоми аввалро соҳиб шуд. Ӯ байни варзишгарони аз 30 то 40-сола ҳунарнамоӣ кард.
"Мусобиқа дар се давра баргузор шуд. Дар даври аввал 24 нафар будем, ман ба даври дуюм роҳ ёфтам ва онҷо натиҷаи баланд нишон дода, ба финал баромадам. Дар финал 9 нафар будем. Рақибони ман дар даври ниҳоӣ варзишгарон аз Амрико, Венесуэла ва Бразилия буданд, инчунин қаҳрамонони Аврупову Осиё иштирок карданд. Имконияти хубе барои ман буд, ки таҷрибаи хуб бигирам. Хушбахтона иштирок кардам ва соҳиби ҷойи якум шудам", - иброз дошт варзишгари тоҷик.
Умедҷон Сайдуллозода аз ин пеш дар мусобиқаи онлайнии Эрон, ки моҳи майи соли 2020 бо ширкати варзишгарони 16 кишвар сурат гирифт, ҷойи сеюмро сазовор гардида, баъдан дар ду мусобиқаи онлайнии Бритониё, ки аввали моҳи июли ҳамон сол бо иштироки намояндагони 26 кишвар баргузор шуд, мақоми чорумро ишғол кард.
Пумсэ яке аз равияҳои таэквондои WT аст. Он аз машқҳои сахт ба танзим даровардашуда иборат буда, маҷмӯи усулҳои мудофиа ва ҳамларо, ки дар ҳудуди муайян иҷро карда мешаванд, дарбар мегирад. Дар ин равия ҳарифон бо ҳам рӯбарӯ намешаванд ва дар алоҳидагӣ маҳорати худро ба намоиш мегузоранд.
Гуфтугӯ