Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, дар панҷ рӯзи рақобатҳо ҳафт паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Рӯзи 10-уми октябр паҳлавонони шинохтаи тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов – дар вазни то 90 кило қувваозмоӣ карданд. Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванов аз Булғористон шикаст хӯрд. Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Станислав Гунченко аз Украина мағлуб шуд.
Аз байни 9 варзишгари тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ ба рақобат пардохт. Ӯ дар вазни то 66 кило баъди пирӯзӣ бар Орландо Поланко аз Куба, дар ҳаштякфинал аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 Ҳифуми Абе аз Ҷопон мағлуб шуд.
Баъдан ду паҳлавони дигари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок карданд. Хоҷазода дар даври аввал Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Виктор Стерпу аз Молдова бохт. Сарахонов бошад, дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.
Рӯзи 9-уми октябр боз ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев – дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуданд. Маҳмадбеков дар даври аввал бар Франкойс Гаузейр аз Канада пирӯз гардид, вале дар даври дувум аз Шарофиддин Болтабоеви узбекистонӣ мағлуб шуд. Ризоев, ки дар даври аввад озод буд, дар даври дувум аз Ашраф Моутил аз Марокаш шикаст хӯрд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд боз ду варзишгар намояндагӣ мекунанд. Имрӯз, 11-уми октябр, Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Николоз Шеразадашвили аз Испания қувваозмоӣ хоҳад кард.
Рӯзи чоршанбе, 12-уми октябр, Темур Раҳимов ба рақобат мепардозад. Вай, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словакия ва Кристиан Коновал аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат мешавад.
Сабқати даставии омехта бо иштироки гуштигирони 17 кишвар дар рӯзи охирини мусобиқот - 13-уми октябр - ба нақша гирифта шудааст, аммо дар он мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунад.
Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.
Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дувум 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои севум 25000-евроӣ тақдим мегардад.
Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон ва занон дар Тошканд мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо касби 1 медали тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Хорватия бо касби 1 медали тило ва 1 нуқра дар ҷойи севум қарор доранд.
Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар панҷ рӯзи мусобиқот (6-10 октябр) дар панҷ вазн миёни мардон ва дар панҷ вазн миёни занон:
Мардон
-60 кг
1. Наоҳиса Такато (Ҷопон)
2. Ариунбол Энхтайван (Муғулистон)
3. Елдос Сметов (Қазоқистон)
3. Янг Веи Янг (Тайбэйи Чин)
-66 кг
1. Ҳифуми Абэ (Ҷопон)
2. Жоширо Маруяма (Ҷопон)
3. Баул Ан (Ҷумҳурии Корея)
3. Денис Виерду (Молдова)
-73 кг
1. Согбаатар Сенд-Оҷир (Муғулистон)
2. Сочи Ҳашимото (Ҷопон)
3. Даниэл Каргнин (Бразилия)
3. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон)
-81 кг
1. Тато Григолашвили (Гурҷистон)
2. Маттиас Кассе (Белгия)
3. Таканори Нагаси (Ҷопон)
3. Шамил Борчашвили (Австрия)
-90 кг
1. Давлат Бобонов (Узбекистон)
2. Кристиан Парлати (Италия)
3. Лука Майсурадзе (Гурҷистон)
3. Лаша Бекаури (Гурҷистон)
Занон
-48 кг
1. Натсуми Сунода (Ҷопон)
2. Катарина Майнс (Олмон)
3. Абиба Абужакинова (Қазоқистон)
3. Ассунта Скутто (Италия)
-52 кг
1. Ута Абэ (Ҷопон)
2. Челси Ҷайлс (Британияи Кабир)
3. Дистрия Красничи (Косово)
3. Амандин Бюшар (Фаронса)
-57 кг
1. Рафаэла Силва (Бразилия)
2. Ҳарука Фунакубо (Ҷопон)
3. Ҷесика Климкаит (Канада)
3. Энкл Лхагватогу (Муғулистон)
-63 кг
1. Мигуми Ҳорикава (Ҷопон)
2. Катерина Беаучемин-Пинард (Канада)
3. Манон Декетер (Фаронса)
3. Барбара Тимо (Португалия)
-70 кг
1. Барбара Матис (Хорватия)
2. Лара Свҷетко (Хорватия)
3. Саки Низои (Ҷопон)
3. Санни Ван Диҷке (Нидерланд)
Гуфтугӯ