Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исфара сокинонро аз хатари мина ҳушдор доданд


Эълони ҳушдор аз хатари мина дар Исфара
Эълони ҳушдор аз хатари мина дар Исфара

Мақомоти тоҷик ба сокинони чанд деҳа дар Исфара, ки дар марзи Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон, зиндагӣ мекунанд, ҳушдор додаанд, ки аз хатари таркиши минаҳо эҳтиёт кунанд.

Дар канори роҳҳо бо акси намудҳои мина ва бо навиштаи “Дур истед!”, ”Эҳтиёт кунед!”, “Дар хотир доред”, “Хабар диҳед” эълон насб шудааст.

Як намояндаи маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ин эълонҳоро чанд рӯз қабл барои огоҳии мардум аз хатари минаҳо нашр карданд. “Мардум вақте ба чарогоҳҳо ё теппаҳо мераванд, минаро аз дигар чиз фарқ намекунанд. Барои ҳамин дар масҷидҳо ва мактабҳо бо нишон додани акси минаҳо эълон нашр кардем,”-- гуфт ҳамсуҳбати мо

Толибхон Умаров, як сокини Исфара гуфт, ҳушдор барои эҳтиёт аз мина дар маҳаллаи “Сомониён”, “Сурх”, “Чоркуҳ” насб карда шудааст.

Ҳушдор аз хатари мина пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пайдо шуд. То кунун дар ин ноҳия таркиши мина ва зиён дидани сокинон сабт нашудааст.

Дар пайи даргириҳои марзии 14-17 сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо хона валангор ва садҳо нафар бехонумон гаштаанд. Сокинон ҳоло дар хонаи хешу табор ё иҷора зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳаҷми зарарро пурра нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG