Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки Эмомалӣ Нуралӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон бо як пирӯзӣ ва як бохт ба поён расид


Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик.

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, баъди як пирӯзӣ ва як бохт аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Аз байни варзишгарони тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони 20-солаи тоҷик, ки моҳи августи имсол дар Эквадор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон даст ёфт, ба рақобат пардохт. Ӯ, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, имрӯз, 7-уми октябр, дар даври дувум бо Орландо Поланкои 22-сола аз Куба рақобат кард. Дар замони асосии қувваозмоӣ ғолиб муайн нашуд. Дар замони изофа паҳлавони тоҷик бо “ваза-ари” пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Рақиби Эмомалӣ дар ҳаштякфинал қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абе аз Ҷопон буд. Қувваозмоӣ хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт. Паҳлавони ҷавони тоҷик муқобили рақиби пуртаҷрибаву номдораш ҳунари хуб нишон дод. Бо вуҷуди он ки Эмомалӣ ҷароҳат бардошт, ӯ рақобатро то охир дилпурона идома дод.

Дар замони асосӣ ғолиб маълум нашуд. Дар замони изофа ба паҳлавони тоҷик “шидо” ё огоҳии сеюм дода шуд. Бинобар ин, дар ин рақобат гуштигири 25-солаи ҷопонӣ дастболо гардид ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Эмомалӣ Нуралӣ бошад, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ба ғайр аз Эмомалӣ Нуралӣ ҳашт варзишгари дигар намояндагӣ мекунанд:

-73 кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73 кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81 кг – Шодмон Ризоев
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90 кг – Комроншоҳ Устопириён
-100 кг – Абубакри Акобир
+100 кг – Темур Раҳимов

8-уми октябр Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал бо Нилс Стумп аз Швейтсария ва Беҳрӯзи Хоҷазода бо Аксус Бенҷамини фаронсавӣ қувва меозмоянд.

9-уми октябр Шодмон Ризоев дар даври аввад озод буда, дар даври дувум бо Ашраф Моутил аз Марокаш вориди рақобат мешавад. Рақиби Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Франкойс Гаузейр аз Канада мебошад.

10-уми октябр Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал бо варзишгари булғорӣ Ивайло Иванов рақобат мекунад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал озод буда, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Станислав Гунченко аз Украина ва Милан Рандл аз Словакия рӯбарӯ хоҳад шуд.

11-уми октябр Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Николоз Шеразадашвили аз Испания қувваозмоӣ мекунад.

12-уми октябр Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словакия ва Кристиан Коновал аз ИМА рақобат хоҳад кард.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад, инчунин сабқати даставии омехта доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон баргузор мешавад. Сабқати даставии омехта дар рӯзи охирини мусобиқот ба нақша гирифта шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои сеюм 25000-евроӣ тақдим мегардад.

Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 60 кило миёни мардон медали тиллоро Наоҳиса Такатои ҷопонӣ соҳиб шуд. Намояндаи дигари Ҷопон - Натсуми Тсунода - дар вазни то 48 кило миёни занон ғолиб гашт.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар

рӯзи аввали мусобиқот:

Мардон

Вазни -60 кг

1. Наоҳиса Такато (Ҷопон)

2. Аруинболд Энхтайван (Муғулистон)

3. Йелдос Сметов (Қазоқистон)

3. Янг Юнг Вей (Тайпейи Чин)

Занон

Вазни -48 кг

1. Натсуми Тсунода (Ҷопон)

2. Катарина Менз (Олмон)

3. Ассунта Скутто (Италия)

3. Ҳабиба Абужакюнова (Қазоқистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG