Дастаҳои мунтахаби миллии футзали Ҷопон ва Эрон, ки ба финали Ҷоми Осиё-2022 баромаданд, рӯзи шанбе, 8-уми октябр, дар Кувайт барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Дар бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми октябр, дар Кувайт баргузор шуд, мунтахаби Ҷопон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 2:1 ва мунтахаби Эрон тими Тайландро бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки рӯзи шанбе, 8-уми октябр, дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ»-и пойтахти Кувайт доир мегардад, дастаҳои мунтахаби миллии Ҷопон ва Эрон барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Пеш аз финал рӯзи шанбе дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ»-и Ал-Кувайт дастаҳои мунтахаби миллии Узбекистон ва Тайланд барои ҷойи севум талош мекунанд. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар нимфинали мусобиқот маҳрум гардид.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувум дар таърихи худ ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт, ба мисли соли 2007 дар Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ ноком шуд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар байни ҳашт дастаи зӯртарини Осиё қарор гирифт, 6-уми октябр аз Кувайт ба Душанбе баргашт.
Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Чорякфинал
Тайланд – Тоҷикистон – 3:2
Голҳо: Панут Киттипанувонг, 2 (1:0). Иқбол Воситзода, 28 (1:1). Идрис Ёров, 34 (1:2). Ҷетсада Чудеч, 35 (2:2). Ворасак Срирангпирот, 40 (3:2).
4 октябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ». 236 тамошобин.
Ҷопон – Индонезия – 3:2
Эрон – Ветнам – 8:1
Узбекистон – Кувайт – 3:0
6 октябр (панҷшанбе)
Нимфинал
Узбекистон – Ҷопон – 1:2
Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».
Тайланд – Эрон – 0:5
Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».
8 октябр (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
19:00 - Узбекистон - Тайланд
Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».
ФИНАЛ
22:00 - Ҷопон - Эрон
Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ»
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе
Гуфтугӯ