Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки имрӯз, 6-уми октябр, дар шаҳри Тошканди Узбекистон оғоз ёфт, ширкат доранд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард:

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73 кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73 кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81 кг – Шодмон Ризоев
-81 кг – Сомон Ма
ҳмадбеков
-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90 кг – Комроншоҳ Устопириён
-100 кг – Абубакри Акобир
+100 кг – Темур Ра
ҳимов

Бар асоси қуръакашӣ Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввал озод аст. Ӯ 7-уми октябр дар даври дувум бо Орландо Поланко аз Куба рақобат мекунад.

8-уми октябр Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал бо Нилс Стумп аз Швейтсария ва Беҳрӯзи Хоҷазода бо Аксус Бенҷамини фаронсавӣ қувва меозмоянд.

9-уми октябр Шодмон Ризоев дар даври аввад озод буда, дар даври дувум бо Ашраф Моутил аз Марокаш вориди рақобат мешавад. Рақиби Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Франкойс Гаузейр аз Канада мебошад.

10-уми октябр Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал бо варзишгари булғорӣ Ивайло Иванов рақобат мекунад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал озод буда, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Станислав Гунченко аз Украина ва Милан Рандл аз Словакия рӯбарӯ хоҳад шуд.

11-уми октябр Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Николоз Шеразадашвили аз Испания қувваозмоӣ мекунад.

12-уми октябр Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словакия ва Кристиан Коновал аз ИМА рақобат хоҳад кард.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад, инчунин сабқати даставии омехта доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон баргузор мешавад. Сабқати даставии омехта дар рӯзи охирини мусобиқот ба нақша гирифта шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои сеюм 25000-евроӣ тақдим мегардад.

Чунонки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон хабар додааст, қабл аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Тошканд ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ бо ширкати коршиносони дохиливу хориҷӣ баргузор шуд.

“Дар доираи чорабинӣ лоиҳаҳо ҷиҳати боз ҳам вусъат додани таблиғи ҷудо дар саросари ҷаҳон, сармоягузорӣ ба он ва таҳкими минбаъдаи мавқеи ин намуди варзиш дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, пас аз музокироти байни як қатор созмонҳо ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расид”, - гуфта мешавад дар хабари olympic.uz.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи июни соли 2021 дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – доир гардид, барои варзишгарони тоҷик бидуни медал ба анҷом расид. Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат карданд.

Дар миёни гуштигирони тоҷик натиҷаи хубро Темур Раҳимов нишон дод. Вай дар вазни беш аз 100 кило дар ду рақобати аввалаш тавонист ба ҳарифонаш аз Лаҳистон ва Қазоқистон пирӯз шавад. Вале дар сабқати сеюм Темур аз намояндаи Русия Темерлан Башаев шикаст хӯрд ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт. Дар даври тасаллобахш рақиби Темур Раҳимов варзишгари ҳолландӣ Рой Мейер буд. Дар охирин сонияҳои ин сабқат Темур Раҳимов аз рақибаш мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи 7-умро гирифт.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба ду рақибаш аз Габон ва Перу дастболо шуд, вале рақобати сеюмро ба намояндаи Шветсия Маркус Нуман бохт.

Се варзишгари дигари тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (-81) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90) дар даври аввал шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври муқаддамотӣ аз варзишгари Ҷопон Вакана Кога мағлуб гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ба даст овардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG