Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар Бадахшон. Иддаои тарафҳо


Ҷанги нерӯҳои ҳукумати пешини Афғонистон бо Толибон дар наздикии Бадахшон. Моҳи июли соли 2021
Ҷанги нерӯҳои ҳукумати пешини Афғонистон бо Толибон дар наздикии Бадахшон. Моҳи июли соли 2021

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон ҷанг миёни нерӯҳояшонро дар вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ карданд. Намояндагони ду ҷониб иддаои "пешравӣ" доранд, вале тасдиқи дурустии онҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест. Гуруҳи тундрави Толибон як сол пеш ба қудрат расид. Ҷабҳаи муқовимат асосан дар Панҷшер ва минтақаҳои атрофи он ҷойгир аст.

Маъзиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар Бадахшон, рӯзи 25-уми сентябр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, даргирӣ миёни нерӯҳои онҳо ва Ҷабҳаи муқовимат (онҳоро мухолифон меноманд) ҳанӯз идома дорад.

Ба иддаои ӯ, дар ин даргириҳо чор узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кушта ва ду нафар боздошт шудаанд. Ҷабҳаи муқовимат иттилоъро тасдиқ ё рад накард.

"Шуморе аз мухолифон, 20 ё 30 нафар, ҷамъ шуда буданд. Мехостанд, фаъолиятҳои зидди аморат анҷом бидиҳанд. Манотиқи муҳиме, ки онон дар онҷо ҷобаҷо шуда буданд, пас гирифта шудааст," – афзуд ӯ.

Пеш аз ин дар саҳифаҳои иҷтимоӣ иддаое матраҳ шуда буд, ки як фармондеҳи машҳури Толибон ба номи Абдулҳамид Муҷоҳид бо даҳҳо тан аз афродаш ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастааст.

Маъзиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар Бадахшон, гуфтааст, фарди пайваста ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як одами қаторист, на фармондеҳи шинохта.

Нерӯҳои Толибон
Нерӯҳои Толибон

Дар мавриди иддаои Толибон ва ҷузъиёти даргириҳои охир дар Бадахшон аз Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пурсидем. Ӯ ба пурсишҳо посух надод, аммо рӯзи 24-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки афроди онҳо “дар ду рӯзи гузашта аз имтиҳони сахте гузаштаанд”.

Аҳмадӣ дар мавриди талафоти Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар Бадахшон чизе нагуфтааст.

То кунун ҳеч кадом манбаи мустақил дар мавриди талафоти ин даргирӣ чизе нагуфта ва ҳамчунон омореро, ки аз тарафи Толибон пешниҳод шуд, тасдиқ накардааст.

Аз тарафи дигар, Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раиси ҷумҳури ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон, ки ҳоло узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст, дар Фейсбук ҷангро дар Бадахшон миёни Толибон ва афроди Ҷабҳа таъйид кардааст.

Амруллоҳ Солеҳ
Амруллоҳ Солеҳ

Гузоришҳо дар мавриди даргирии низомии миёни Толибону Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳоле ба нашр мерасад, ки пеш аз ин ҳам дар Панҷшеру Бағлон миёни ду тараф даргирии низомӣ сурат гирифта буд.

Пас аз ҳокимияти дубораи Толибон дар Афғонистон, ҳар гоҳе даргирӣ миёни онҳо ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рух медиҳад. Ин ҷабҳа имсол Толибонро ба маҳкамаи саҳроӣ, шиканҷа, куштани мақомҳои низоми пешин ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард, аммо Забеҳулоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ин иддаоро рад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG