Дар маросиме дар Кремлин рӯзи 30-юми сентябр президенти Русия Владимир Путин мехоҳад “аҳдномаҳои ҳамроҳшавӣ”-и расмии чор минтақаи украиниеро, ки қисман аз ҷониби Маскав ишғол шудаанд, яъне Луҳанск, Херсон, Донетск ва Запорожяро имзо кунад. Президенти Укрина Владимир Зеленский ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух хоҳад дод. Қаблан сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, ки баъди маросими имзо дар ҳузури раҳбарони таъиншуда аз Маскав дар ин минтақаҳо президент суханронӣ хоҳад кард.
Ба ин муносибат Кремлин дар Майдони сурх як консерти ҳунармандони попро ташкил мекунад ва аз ҳоло дар наворҳои азими видеоӣ навиштаҷоте мисли “Донетск, Луҳанск, Запорожя, Херсон – Русия!” дида мешаванд. Субҳи 30 сентябр Путин истиқлолияти ду минтақаи украинии Херсон ва Запорожяро эътироф кард ва ин кор роҳро барои ба Русия ҳамроҳ кардани онҳо боз мекунад. Айни ҳамин корро ӯ моҳи феврал ҳам дар робита бо Луҳанску Донетск карду баъди ин ҷангро алайҳи Украина шурӯъ намуд.
Зеленский, ки нирӯҳояш ҳафтаҳои охир дар муқовимат ба артиши Русия пешрафт мекунад, ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух медиҳад ва дар ҷаласаи изтирорие вазирони қудратиро ба машварат даъват кард.
Рӯзи 29-уми сентябр ИМА ва СММ нақшаи Маскав барои ҳамроҳкунии қаламравҳоро дар паи ба истилоҳ референдумҳо дар чор минтақаи украинӣ маҳкум карда ваъда доданд, ки ҳамаҷониба аз Украина ҳимоят хоҳанд кард.