Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр бо қароре Шавкат Бобозодаро аз мансаби раиси Оҷонси содирот барканор кард, вале сабаби тасмимро нагуфт.
Ба иттилои дарёфтӣ, раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Наздиконаш мегӯянд, "ягон мушкилӣ нест".
Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои дарёфтӣ, Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.
Наздикони Бобозода ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд. Яке аз пайвандони вазири пешин бе зикри номаш гуфт, "аҳволашон хуб аст, ягон гапи зиёдӣ нест, ҳамааш нағз."
Шавкат Бобозода 60-сола буда, аз соли 2019 раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон аст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.
Бобозода аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд. Хадамоти матбуоти президент се сол пеш навишта буд, ки Бобозода "ба сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа барканор шуд. Ҳамзамон бо фармони президент, Шавкат Бобозода раиси Оҷонсии нави содироти Тоҷикистон таин шуда буд.
Тибқи иттилои Оҷонси зиддифасод, дар шаш моҳи имсол дар корхонаҳои буҷетӣ қариб 105 миллион сомонӣ "зарари молиявӣ" ошкор кардаанд. Мақомот мегӯянд, 707 кас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" боздошт шуданд.
Гуфтугӯ