Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон


Сироҷиддин Кароматов.
Сироҷиддин Кароматов.

Варзишгарони тоҷик дар дувумин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба кёкушинкай карате-до KWF дар шаҳри Жаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои inform.kz, дар мусобиқоти II қаҳрамонии Осиё оид ба кёкушинкай карате-до KWF ҳудуди 400 варзишгар аз ҳашт кишвар – Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат варзиданд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот варзишгарони Қазоқистон мақоми аввалро касб карданд. Ҷойи дувум насиби варзишгарони Арабистони Саудӣ гардид. Ҷойи севумро варзишгарони Қирғизистон ва Тоҷикистон байни якдигар тақсим намуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгари маъруфи тоҷик Сироҷиддин Кароматов дар вазни 90 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҳамдастаҳои ӯ - Нурулло Алиев дар вазни 75 кило ва Суҳроб Назаров дар вазни беш аз 90 кило - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳикматулло Кароматов - раиси Федератсияи карате-кёкушинкайи Тоҷикистон - иштирок дошт. Ӯ поягузори карате-кёкушинкай - намуди ҷопонии варзиш - дар Тоҷикистон аст. Бо ибтикори Кароматов соли 2004 Федератсияи миллӣ таъсис ёфтааст.

Ҳикматулло Кароматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "маънои карате-кёкушинкай “ба камолот расидан” ва “якҷояшавии рӯҳу тан" аст. Мардум ба навъҳои якҳарбаи шарқӣ назари нек доранд. Мо бештар ба ахлоқи варзишгарон таваҷҷуҳ мекунем. Баъд ба дониш ва тафаккури онҳо диққат медиҳем. Бо мактабе, ки шогирдонамон таҳсил мекунанд, дар иртибот ҳастем ва аз хониши онҳо доим огоҳ мешавем. Пас аз ин ба тарбияи ҷисмонии шогирдон аҳамият дода, ба онҳо нозукиҳои намуди интихобкардаашонро ҳамаҷониба меомузонем."

Ба қавли Ҳикматулло Кароматов, ба гурӯҳҳои карате-кёкушинкай кӯдакон аз синни панҷсолагӣ қабул мешаванд. Дар айни ҳол ба ин намуди варзиш дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳудуди се ҳазор нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонон машғуланд.

Варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои зиёд дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф шудаанд. Ду нафари онҳо Сироҷиддин Кароматов ва Шерзод Саъдуллоев ба унвони олӣ – қаҳрамони ҷаҳон – даст ёфтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG