Баъди эълони сафарбарии ҷузъӣ ба артиши Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пайдо шуд, ки дар он дида мешавад мардуми зиёд дар гузаргоҳи марзии ҷумҳурии Осетияи Шимолии Русия навбат истодаанд ва мехоҳанд ба Гурҷистон бираванд. Дар яке аз наворҳо, ки 22-уми сентябр зуҳур намуд, навбати садҳо мошини сабуркав ва боркаш дар посгоҳи Земо Ларсӣ ва Ларсии Болои Гурҷистон ба чашм мехӯрад. Ронандагон ва мусофиронашон талош доранд ба минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубии Гурҷистон убур кунанд. Фирори мардум аз Русия 21-уми сентябр баъди эълони Президенти Русия Валадимир Путин дар бораи сафарбарии нисбии низомиёни эҳтиётӣ ба таҷовузи Украина афзоиш ёфт.