Имрӯз дар чор минтақаи аз тарафи Русия ишғолшудаи Украина ба ном назархоҳӣ барои шомилшавӣ ба Русия доир мешавад. Мақомоти рӯ ба Маскави вилоятҳои Луҳанск, Донетск, Херсон ва Запорижя мехоҳанд ба воситаи як референдуми мухолиф ба қонунҳои байналмилалӣ ва оинномаи СММ ин устонҳоро ба Русия шомил кунанд. Президенти Украина Володимир Зеленский ин назархоҳиро "сохтакоронаву ғайридемократӣ номид. Кишварҳои ғарбӣ ҳам гуфтаанд, ки ин референдум ғайриқонунӣ аст.