Вакили порлумони Қирғизистон Улан Бакасов лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои марзии ин кишварро пешбинӣ мекунад. Лоиҳа барои баррасии умум ироа шудааст.
Ба гуфтаи Бакасов, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Осиёи Марказӣ хатари терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ вуҷуд дорад ва бинобар ин, Қирғизистон бояд ба сокинони аз 20-сола болои минтақаҳои марзии худ силоҳ тақсим кунад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, шаҳрвандоне, ки силоҳ мегиранд, бояд аз омӯзиш ва имтиҳони истифодаи дурусти силоҳ гузаранд.
Як гуруҳ аз намояндагони мардумии қирғиз моҳи майи соли гузашта, баъди як низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон низ ин пешниҳодро карда буданд.