Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими Камбоҷаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, дар гурӯҳи «I» ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

Дар бозии даври севум, ки шаби якшанбеи 18-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 5000 тамошобин доир гардид, ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд.

Ҳисобро футболбозони ҷавони тоҷик кушоданд. Тӯбро Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 59-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Баъди панҷ дақиқа бозигари мунтахаби Камбоҷа Сокнет Ҳав ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Бежан Нишонбойзода дар дақиқаи 79-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи "I" мунтахаби ҷавонони Лубнон дастаи Сингапурро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севум ва охирини мусобиқа дар гурӯҳи "I" мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби ҳафт имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат гирифт.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20), гуфт, “вазифаи мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромадан буд. Хурсандем, ки бачаҳои мо ин вазифаро иҷро карданд.”

Дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо касби шаш имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Сингапур бо касби ду имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Мунтахаби Камбоҷа бо касби як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Ҳамин тариқ, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир хоҳад шуд, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ меёбанд.

То ҳоло Узбекистон ба ҳайси мизбон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «А»), Қатар (гурӯҳи «В»), Ҷопон (гурӯҳи «С»), Урдун (гурӯҳи «D»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «F»), Умон (гурӯҳи «G»), Тоҷикистон (гурӯҳи «I»), Эрон (гурӯҳи «J») ва чаҳор дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар – Ветнам, Қирғизистон, Чин, Сурия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Номи як дастаи дигар пас аз анҷоми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н», ки рӯзҳои 14-18-уми октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бори панҷум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё иштирок карда буданд. Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Нахустин бор аст, ки Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо», Душанбе), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Суннатулло Азизов («Динамо», Душанбе).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Даври 1-ум

Камбоҷа Лубнон – 0:1

Гол: Муҳаммад Содиқ, 9.

Тоҷикистон – Сингапур – 0:0

Тӯби дар дақиқаи 62-юм аз пеналти задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро дарвозабони сингапуриҳо баргардонд.

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

Даври 2-юм

Сингапур – Камбоҷа 1:1

Голҳо: Даниел Кричтон, 28 (1:0), Коут Рич, 45 (1:1).

Лубнон – Тоҷикистон – 0:4

Голҳо: Меҳрубон Каримов, 14 (0:1). Фатҳулло Олимзода, 44 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 85 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 90+1 (0:4).

Аз майдон хориҷ шуданд: Муҳаммад Ал-Маҳдӣ Ал-Мусавӣ (Лубнон), 74, Фатҳулло Олимзода (Тоҷикистон), 74.

16 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4300 тамошобин.

Даври 3-юм

Лубнон – Сингапур – 6:1

Тоҷикистон – Камбоҷа – 2:1

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 59 (1:0). Сокнет Ҳав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 - аз пеналтӣ (2:1).

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода (Суннатулло Азизов, 77), Меҳрубон Каримов, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов (Асадбек Зиёзода, 69), Ҳамадонӣ Камолов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ (Абдулло Шарипов, 69), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Кабир Салимшоев, 53), Хусрав Тоиров, Салам Ашӯрмамадов (Бежан Нишонбойзода, 53).

Беҳтарин бозигари дидор: Хусрав Тоиров (Тоҷикистон).

18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

1

0

6-1

7

2

Лубнон

3

2

0

1

7-5

6

3

Сингапур

3

0

2

1

2-7

2

4

Камбоҷа

3

0

1

2

2-4

1

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG