Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Русия ба муҳокимаи мақоми ҲНИТ мепардозад


Додгоҳи олии Русия 14 сентябр дархости Додситонии кулли Русияро барои “террористӣ” шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин бора сарони ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ хабар додаанд.

Намояндаи баландпояи ҳизб Бобоҷон Қаюмзод гуфтааст, ки чунин «ҳукми якҷониба ба обрӯи худи Русия зарба мезанад». "ҲНИТ дар Русия ҳеҷгуна фаъолият надошт ва ҳеҷ ҳаракате зидди манофеи Русия анҷом надодааст. Ҳоло ҳам Русия медонад, ки ҲНИТ як созмони террористӣ нест» «Мо умедворем, ки додгоҳи Русия ба ин хостаи Раҳмон ҷавоби мунсифона медиҳад ва ҳадди ақал ба ҲНИТ фурсати дифоъ дар баробари ин иттиҳомотро хоҳад дод», гуфтааст ин намояндаи ҳизб дар сӯҳбат бо пойгоҳи ҳамчунин дар Тоҷикистон мамнӯи payom.net.

Игор Краснов, додситони кулли Русия, рӯзи 26-уми июли соли равон дар Душанбе ва дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки "додситони кулли Тоҷикистонро дар бораи баррасии дархосташ барои террористӣ эътироф кардани баъзе созмонҳо дар Русия хабардор мекунам." "Мо аллакай алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдем", гуфта буд Краснов.

Пештар, моҳи август оҷонсии хабарҳои додгоҳии Русия РАПСИ навишт, ки Артур Коновалов, муовини раиси як сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пешниҳод кардааст, ки зарурати эҷоди «феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ дар қаламрави СҲШ пеш омадааст» ва ба ҳайси намуна аз фаъолияти ҲНИТ ёдовар шудааст. Ҷузъиёти бештаре дар даст нест, вале мақоми ғайриқонунӣ ва «террористӣ»-е ки ба ин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон дода шудааст, ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ кишвар ё созмонҳои шарики Душанбе пуштибонӣ наёфтааст. Баъди иттиҳоми ин созмон дар ташкили кудатои нофарҷоми 4-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯъ, раёсат ва аъзои дигари он ба зиндон маҳкум ва бисёр дигар аъзояш дар хориҷа паноҳанда шуданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва дигар аъзояш пайваста ба тӯҳмат ва беасос будани иттиҳоми мақомот таъкид мекунанд.

Дар номае, ки рӯзи 11-уми август Муҳиддин Кабирӣ ба Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ ирсол кард, аз ӯ хост, ки аз федератсияи Русия талаб кунад, то аз қабули чунин қарори мухолиф ба рӯҳияи созишномаи “Сулҳи тоҷикон” худдорӣ кунад. Ба андешаи Кабирӣ, террористӣ унвон шудани ҲНИТ дар Русия метавонад барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик, на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ оқибатҳои нохуш дошта бошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG