Дар соҳили рӯди Панҷ, аз тарафи Афғонистон, садҳо нафар ҳар рӯз машғули заршӯйӣ ҳастанд. Толибон ба мардуми камбизоати онҷо иҷоза додаанд, ки зар биёбанду зиндагиашонро пеш баранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ба сокинони ин тарафи сарҳад ба заршӯӣ дар соҳили Панҷ иҷоза медиҳад, вале ҳанӯз қароре набаровардааст.
Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз вилояти Бадахшони он кишвар гирифта то Тахор нуқтаҳои нави заршӯйӣ пайдо шудаанд. Онҳо аз техникаҳои гуногун истифода мекунанд. Баъзе аз сокинони шимоли Афғонистон мегӯянд, зиндагияшонро ба заршӯйӣ ва дарёфти сангҳои гаронбаҳо мегузаронанд, аммо миқдори он маълум нест.
Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ин вазъро мебинанду мехоҳанд, аз имкони тилоёбӣ дар дарёи Панҷ истифода кунанд, вале иҷоза надоранд.
Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, гуфт, тасмим ба масъалаи марз вобаста аст. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад. "Соли 2018 раис таъин шудам. То соли 2019 кормандони як ширкати чинӣ омада буданд, вале ба кадом сабабе корхона ташкил накарданд," -- гуфт ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Масъалаи тилоёбӣ дар дарёи Панҷ дар охири соли 2021 дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мақомот мегӯянд, масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
"Дарёи Панҷ тило дорад ва ҳамсояҳо аз он тараф ҷамъ меоранд. Агар иҷозат диҳанд, эҳтимоли иҷро шудани ин кор дар мо низ ҳаст," – шарҳ дод раиси ноҳияи Ҳамадонӣ.
Дар Тоҷикисон аз соли 2020 ба шаҳрвандон иҷозаи заршӯйӣ дар рӯдҳои кишвар дода шудааст. То кунун зиёда аз 3000 нафар бо ин иҷозатнома тавонистаанд, ба дарёфти тило дар Хатилону Суғд машғул шаванд. Онҳо тилои ёфтаашонро ба ҳукумат мефурӯшанд.
Аксар заршӯён дар Тоҷикистон мегӯянд, бо таҷҳизоти худсохт кор мекунанд ва қисми ками онҳо дастгоҳҳоро аз хориҷа овардаанд. Ҳарчанд ин навъи корро пурмашаққат мегӯянд, аз будани кору маблағи он қаноатманд ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз омори расмиро дар бораи кашфу истихроҷ ва захираи тило намегӯянд, чун сиррӣ мешуморанд. Вале айни замон чандин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ба кофтукоб ва истихроҷи маъдан машғуланд.
Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар дасти ширкати "Zijin Mining" (муштарак), "Покрӯд" дар дасти ширкати "China Nonferrous Gold Limited" ва кони истихроҷи "Якҷилва" дар дасти ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед" аст.
ТВЕА, яке аз ширкатҳои бузурги Чин, хати барқи "Ҷануб-Шимол", "Хатлон-Лолазор" ва корхонаи гармидиҳии Душанберо сохта, дар ивази он иҷозатномаи коркарди маъдани "Дуоба" ва "Кумарғи боло"-ро дар ноҳияи Айнӣ ба даст овард.
Гуфтугӯ