Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки даҳ варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон дар Лаҳистон


Tajikistan -- National wrestling competition, Danghara, 29 March 2014
Tajikistan -- National wrestling competition, Danghara, 29 March 2014

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон (Krakow World Championships Veterans 2022), ки дар шаҳри Кракови Лаҳистон (Полша) ҷараён дорад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рақобатҳо мувофиқи сину соли иштироккунандагон дар гуруҳҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 860 гуштигир (765 мард ва 95 зан) аз 60 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон 10 нафар намояндагӣ мекунанд:


-60 кг – M5 - Қутбиддин Баҳодуров
-73 кг – M4 - Соҳибназар Ҳақназаров
-73 кг – M3 - Абдулфайз Солеҳов
-81 кг – M3 - Ҷонибек Маҳмудзода
-81 кг – M1 - Шоҳҳусейн Раҳимов
-90 кг – M2 - Валӣ Султонзода
-90 кг – M1 - Оятуллои Қамарӣ
-100 кг – M3 - Фаридун Устопиров
-100 кг – M1 - Собир Шарифов
+100 кг – M3 - Неъматулло Асронқулов

Рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон дар Краков бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузашт. Устодони ҷудо аз Тоҷикистон рӯзҳои 9-11-уми сентябр бо рақибонашон қувваозмоӣ мекунанд.

Барномаи мусобиқа:

9-уми сентябр умъа)

Рақобатҳои M1, M3

Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

10-уми сентябр (шанбе)

Рақобатҳои M4, M5

Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

11-уми сентябр (якшанбе)

Рақобатҳои F1-9, M2
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Эзоҳ: Замони рақобатҳо - бо вақти Душанбе.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG