Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки аз 9-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Чунонки сомонаи рӯзномаи «Наманганская правда» 8-уми сентябр хабар додааст, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни мардон ва занон барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Узбекистон дар маҷмааи варзишии «Баркамол авлод» доир мегардад.
Барои ширкат дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарон аз Белгия, Бразилия, Гурҷистон, Италия, Камерун, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Муғулистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эстония ва Эрон ба Намангон омадаанд.
Дар ин мусобиқаи пурнуфуз мардон дар ҳашт вазн ва занон дар панҷ вазн рақобат мекунанд. Имрӯз, 9-уми сентябр, маросими ифтитоҳи мусобиқа барпо мегардад, инчунин аввалин ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни мардон ва занон барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Узбекистон маълум хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 36 кишвар баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо се нафар - Меҳроҷ Рабиев дар вазни 57 кило, Кароматулло Қурбонов дар вазни 62 кило ва Беҳрӯз Гулмаҳмадзода дар вазни 90 кило – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Гуфтугӯ