Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 дар Монреали Канада, ки рӯзҳои 1-4-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, варзишгарон аз Душанбе, вилояти Суғд, инчунин аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ширкат карданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар масофаи 50+30 метр байни занон Фотима Зулфиқорбекова аз Душанбе ғолиб шуд. Ҳамшаҳриаш Амина Хуршедзода ҷойи дуюм ва Томирис Раҳимова аз дастаи Суғд ҷои сеюмро гирифтанд.

Дар ҳамин масофа миёни мардҳо Фаррух Қурбонов аз Душанбе ҷойи аввалро азони худ кард. Намояндагони дастаи Суғд Бахтовар Каримов ва Муқимҷон Ҳайдаров мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд.

Дар масофаи 60 метр ҷуфти омехтаи Мадина Ҷӯраева / Абдумалик Ғаниев ҷойи аввал ва Азиза Юсупова / Дилшоди Бахтиёр ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.

Дар масофаи 70 метр миёни занон Фирӯза Зубайдоваи душанбегӣ пирӯз шуд. Мавзуна Азимова аз дастаи Суғд ҷойи дуюм ва Мадина Раҷабова аз Душанбе ҷои сеюмро гирифтанд.

Дар ҳамин масофа миёни мардон ҳар се ҷойи ифтихориро намояндагони вилояти Фарғона соҳиб шуданд: Шоҳҷаҳон Абдулҳамидов - ҷойи аввал, Келдиёр Ҳасанов - ҷойи дуюм ва Тигран Эсанов - ҷойи сеюм.

Дар рақобати ҷуфти омехта дар масофаи 70 метр Фирӯза Зубайдова (Душанбе) / Келдиёр Ҳасанов (Фарғона) ҷойи аввал, Мавзуна Азимова (Суғд) / Тигран Эсанов (Фарғона) ҷойи дуюм, Мадина Раҷабова (Душанбе) / Шуҳрат Муҳаммадиев (Душанбе) ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова мукофотонида шуданд.

Ҳолномаи Зебуннисо Рустамова

Зебуннисо Рустамова 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 18-и пойтахти ҷумҳуриро хатм карда, ҳамон сол ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шудааст. Донишкадаро соли 1976 ба итмом расонида, инчунин соли 1980 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Аз соли 1969 ба камонварӣ шуғл меварзад. Солҳои 1974-1987 узви дастаи мунтахаби камонварии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон (1975, шаҳри Интерлакени Швейтсария – қаҳрамони мутлақ дар рақобатҳои инфиродӣ ва соҳиби медали тилло дар ҳисоби дастаӣ, 1985, шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, 1987, шаҳри Сиднейи Австралия), барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада, қаҳрамони секаратаи Аврупо (1976, шаҳри Копенгагени Дания, 1985, шаҳри Измири Туркия, 1986, шаҳри Пориси Фаронса), қаҳрамони 15-каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби бисёркаратаи Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии «Динамо», қаҳрамони 20-каратаи Тоҷикистон, рекодсмени ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Ҳамчунин дар Бозиҳои «Дружба – 84» дар Чехословакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври алтернативӣ доир гашта буданд, сазовори медали нуқра шудааст.

Аз соли 1986 то соли 1992 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 1995 раиси ин кумита буд. Ҳамчунин аз соли 1992 то соли 2000-ум вазифаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Бо унвонҳои фахрии «Устоди шоистаи варзиши СССР», «Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ғайра сарфароз шудааст. Феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад. Соҳиби ду фарзанд ва набераҳост.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG