Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пиёда гардед." Дастури нав ба милисаҳои "фарбеҳ" дар Хатлон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба маъмурони фарбеҳи милиса дар вилояти Хатлон дастур додаанд, ки ба маконҳои таърихӣ рафта, пиёда гарданд.

Як муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ин супоришро вазир Рамазон Раҳимзода ҳангоми сафараш ба шаҳри Бохтар додааст.

Мусоҳиби мо ба шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, “вазир чанд корманди фарбеҳи милисаро танқид кард. Гуфт, барои кам кардани вазнашон бояд бештар пиёда гарданд.”

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вазир дастур додааст, кормандоне, ки вазни изофӣ доранд, ҳар ҳафта ба маконҳои таърихиву фарҳангӣ сафар кунанд. “Ба ин васила ҳам бо таърих ошно мешаванд ва ҳам сиҳатии худро беҳтар мекунанд,” – нақл кард кард ҳамсуҳбати мо.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мавзӯи фарбеҳии кормандонро шарҳ надоданд, вале гуфтанд, воқеан бо дастури вазир “барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, саломатии ҳайати шахсӣ ва ошно шудан ба таърихи гузаштагон” кормандони милиса ба саёҳат ҷалб шудаанд.

Соли 2016 ВКД муқаррарот ҷорӣ кард, ки бар асоси он як марди милиса бояд аз 168 ва зани милиса аз 160 сантиметр поён набошад. Вазни онҳо бояд ба қадашон мувофиқат кунад.

Он замон вазорат ба кормандони фарбеҳаш дастур дода буд, ки вазни худро кам кунанд, вагарна аз кор озод хоҳанд шуд. Маълум нест, ки ин дастур то куҷо иҷро шуд, чун ҳанӯз милисаҳои фарбеҳ зиёд ба назар мерасанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG