Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрия: "Ҳар касе дар бораи ҷанг чизе навишт, яктарафа аст" ВИДЕО


Шаҳрия Аҳтамзод
Шаҳрия Аҳтамзод
Шоир Шаҳрия Аҳтамзод, муаллифи "Ашки шақоиқ"-у "Зан дар асорати танҳоӣ", мегӯяд, бо вуҷуди тағйири замон ва фанновариҳои навин нақши шеър дар зиндагии тоҷикон гум нашудааст. Ӯ рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод.

Радиои Озодӣ: Агар хонанда шеърҳои Шуморо таҳлил кунад, ба ин натиҷа мерасад, ки зиндагии бисёр сахте доштед. Ҳамин тавр?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Ҳар инсон сарнавишташро худаш месозад. Ва ҳар дарду азобе дидам, бештар бо гуноҳи худам аст. Инсони каме саросема ҳастам, ҳақиқатро дӯст медорам ва ҳар чизе дар дил дорам, ба забон меорам. Аз сӯи дигар, сарнавишти ман аз кӯдакӣ мушкил буд. Волидонам донишҷӯ буданду мани ширхор дар дасти модаркалон бо азоби зиёд бузург шудам. Дертар, модарам хеле ҷавон аз дунё гузашт. Вақте шавҳар кардам, зиндагии мо зиёд давом накард. Ӯ ба ман даст мебардошт ва аз издивоҷи сесолаи муштарак танҳо як духтар монд."

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолед ва назари худро ба мавзуъҳои сиёсиву иҷтимоӣ низ менависед. Оё шеър метавонад, дар ин замони фанновариҳо ба қалби одамон таъсир кунад?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Фикр мекунам, шояд имрӯз шеър барои мардуми дигар нақшашро гум кардааст, аммо дар зиндагии тоҷикон нақши волое дорад. Ман телевизионҳои Русияро мебинам. Баъд аз истиқлол дар ин кишвар таваҷҷуҳ ба шеър кам шуда буд. Ҳоло, ки Русия дар ҳолати ҷангӣ аст, рӯзҳои шанбе шоирони рус шеър мехонанд. Шеър ҳам дар рӯзи шодӣ ва ҳам дар рӯзи ғам хонда мешавад. Шеъри хуб ба мисли навиштаҳои Бозор Собиру Лоиқ ва Гулрухсору Фарзона мондагоранд. Ман аз он ранҷ мекашам, ки имрӯз ҳама шеър менависад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки вазну қофияро намедонад, аммо шеър мегӯяд. Аз як ҷониб хурсанд мешавам, бигзор нависанд, аммо аз тарафи дигар ба баъзеи онҳо менависам, ки шеъратон сакта дорад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Шаҳрия: Мо бояд ақлро парастем, на зоҳирро
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:49 0:00

Радиои Озодӣ: Гуфтед, бештар ба расонаҳои Русия таваҷҷуҳ доред. Дар баъзе аз шарҳҳои худ сиёсатҳои Ғарб ва махсусан Амрикоро танқид мекунед. Сабаб чист?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Медонед, ман Русияро барои он дӯст медорам, ки ҳамаи хешу таборам (ба ғайр аз ману хоҳарам) дар онҷо ҳастанд. 30 сол боз нони Русияро мехӯранд ва фарзандонашон мактабҳои олии онҷоро хатм карданд. Натанҳо хешу табори ман, балки 90 дарсади мардуми тоҷик аз онҷо нон мехӯранд. Мегӯянд, агар нони як касро хӯрдӣ, чил сол фикр мекунӣ. Ман сиёсатро мефаҳмам. Дар инҷо Русия ҳам ноҳақ ҳаст, Амрико ҳам ноҳақ аст, гуноҳ аз ду тараф аст. Ман танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ тарафдори Русия ҳастам. Албатта, тасаввур карда наметавонам, ки як давлат як деҳаи маро ғасб карда гирад. Ман инро тоқат карда наметавонам."

Радиои Озодӣ: Аз шоҳидони давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳастед ва ин давраи сахтро аз сар гузарондаед. Оё адабиёти тоҷик тавонист, сабақи он давраро ба ҷомеа фаҳмонад ва расонад?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Ҳар касе, ки дар бораи ҷанги солҳои 1992 чизе навишт, яктарафа буд. Ҳамаи он китобҳоеро, ки навишта шуданд, хондам. Ин ҷанг ду ҷониб дошт, вале дар китобҳо ҳар тараф худро сафед кард. Ман китоберо наёфтам, ки ҳақиқат бошад, чунки ман ҳамаро бо чашми худам дидам. Ман падарамро, ки аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ саломат баргашта буд, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон аз даст додам. Имрӯз як китобе нест, ки ҳақиқати солҳои 90-умро рӯи об барорад. Мехоҳам, агар нависандае хориҷӣ воқеаро бетарафона нависад, беҳтар аст. Мо якдигарро дӯст медорему хотирбинӣ мекунем. Мо Рӯдакиро ҳазор сол пеш гӯронидем, вале ҳама дар бораи ӯ медонем. Чаро воқеаҳои 30 сол пешро наметавонем, одилона рӯи дафтар биёрем?"

Радиои Озодӣ: Зиёд роҳ мегардед. Вақте субҳ аз хона берун меравед, чӣ барои Шумо дардовар ба назар мерасад ва аз чӣ хушҳол мешавед?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Хушҳол мешавам, ки субҳ шуду боз ман ҳастам, зиндаю саломатам, фарзанду набераҳоям, дӯстону ҳамсояҳоям низ. Хаста мешавам, вақте мебинам, баъзе аз занони мо дар нақлиёт телефонӣ шаб дар хона чӣ гузашт, нақл мекунанд. Дувум, ба мусофирбар медароям, касе аз ҷояш намехезад. Ман насли Шӯравӣ ҳастаму духтари як коммунист ва сари луч мегардам. Агар як духтари сатрпӯш дарояд, чанд ҷавон аз ҷо мехезанд ва ҷой медиҳанд. Барои ин зиқ мешавам, ки мо чӣ қадар зоҳирпарастем. Мо бояд ақлро парастем. Худованд дар дили ман аст, рӯзаву намози ман дар дилам аст, эътироф мекунам, аммо зоҳирпарастӣ намекунам. Ман мехоҳам, мардуми мо боодоб бошанд. Бачаҳои мо тарбиятдида бошанд, садояшонро дар кӯчаҳо баланд накунанд."

Шаҳрия Аҳтамзод
Шаҳрия Аҳтамзод

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам ошиқе ба номи "Илҳом" Шуморо ташвиш медиҳад?

Шаҳрия Аҳтамзод: "Бале, медонед, дар ҷавонӣ як инсоне буд, ки дӯст медоштеду ошиқ мешудеду шеър мегуфтед. Дар пирӣ барои таскин шеър мегӯед. Ҳамон рӯзгор пеши назар меояд ва мегӯед, ки чаро ман ин корро накардам, чаро он вақт ӯро дӯст надоштам. Ҳамин чизҳоро имрӯз ба таври дигар, ошиқона ва зеботар мегӯед. Вақте ақл болотар аст, оромтар мегӯед."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG