Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гузориши СММ-ро ситоиш, вале Чин танқид кард


Уйғурҳои Шинҷон, акс аз бойгонӣ
Уйғурҳои Шинҷон, акс аз бойгонӣ

Амрико гузориши Созмони Милалро, ки дар он аз эҳтимоли даст ба ҷиноят алайҳи башарият задани ҳукумати Чин дар Шинҷон сухан меравад, хуш пазируфт.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, 1-уми сентябр гуфт, дар гузориш “рафтори даҳшатноки” Чин нисбати уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигар “бо салоҳияти тамом” тасвир шудааст.

Блинкен афзуд, ин гузориш “нигарониҳои амиқи моро дар заминаи наслкушиву ҷиноят алайҳи инсоният, ки ҳукумати Чин ба зидди уйғурҳову ақаллиятҳои дигари Шинҷон ба роҳ мондааст, тасдиқ мекунад.”

Дар гузорише, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нашр кард, Пекин ба роҳ додан ба “ҳолатҳои ҷиддии нақзи ҳуқуқи инсон” ва эҳтимолан “ҷиноят алайҳи башарият” муттаҳам мешавад.

Чин пеш аз нашри гузориш бо матни он шинос шудааст ва қотеона ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Ван Вебин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар нишасти матбуотияш рӯзи 1-уми сентябр гузоришро “комилан ғайриқонунӣ ва беасос” номид.

Ӯ гуфт, “он як асбоби сиёсист ва чун бахше аз стратегияи Ғарб барои назорат аз болои Чин истифода мешавад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG