Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO хост, кӯдаконро зидди фалаҷ эм кунанд


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) аз волидон хостааст, фарзандони эмнашудаашонро зидди фалаҷи атфол ё полиомиелит ҳарчи зудтар эм кунанд.

Ин созмон дар изҳороте гуфт, аз замони минтақаи орӣ аз фалаҷи атфол ё полиомиелит эълон шудани Аврупо 20 сол мегузарад, вале солҳои охир дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Исроил, Украина ва Бритониё полиовирусҳои баромада аз ваксина сабт мешаванд.

Ҳанс Клюге, раҳбари бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар нишасте рӯзи 30-юми август гуфт, ахиран нишонаҳое аз вируси полиомиелит дар Ню-Йорки Амрико ошкор шудааст.

Ин масъули Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз волидон, аз ҷумла дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ҳатман фарзандашонро зидди фалаҷи атфол эм кунанд.

Полиомиелит ба асаби кӯдакон асар карда, дасту по ва узвҳои дигари баданро фалаҷ мекунад.

СҶТ моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба як навъи фалаҷи атфол сабт шудааст ва пайдоиши он метавонад, ба навъҳои ошкоршуда дар Афғонистону Покистон рабт дошта бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG