Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 20 футболбози тоҷик дар бошгоҳҳои кишварҳои Аврупову Осиё бозӣ мекунанд


Ваҳдат Ҳанонов, футболбози шинохтаи тоҷик дар “Персеполис”-и Теҳрон бозӣ мекунад.
Ваҳдат Ҳанонов, футболбози шинохтаи тоҷик дар “Персеполис”-и Теҳрон бозӣ мекунад.

Шумораи шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, сол то сол зиёд мешавад. Дар айни ҳол беш аз 20 нафари онҳо дар бошгоҳҳои кишварҳои Аврупову Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аз ҳама бештар – чаҳор нафарашон – аъзои бошгоҳҳои футболи Узбекистон мебошанд. Зоир Ҷӯрабоев дар “Сурхон”-и Тирмиз, Давронҷон Эргашев дар “Бунёдкор”-и Тошканд, Манучеҳр Сафаров дар “Локомотив”-и Тошканд ва Алишер Ҷалилов дар АГМК-и Олмалиқ ҳунари худро намоиш медиҳанд.

Се бозигари тоҷик узви бошгоҳҳи футболи Эронанд: Ваҳдат Ҳанонов (“Персеполис”-и Теҳрон), Эҳсони Панҷшанбе (“Зоб Аҳан”-и Исфаҳон), Шериддин Бобоев (“Нафт”-и Ободон).

Боз се нафари дигар шарафи бошгоҳҳои футболи Ҳиндустонро ҳимоя мекунанд: Нуриддин Давронов (“Муҳаммадан”-и Калкутта), Комрон Турсунов (“Трау”-и Импҳали Ғарбӣ), Далер Ёдгоров (“Гокулам Керала”).

Дар бошгоҳҳои футоли Беларус низ се намояндаи Тоҷикистон ҳастанд: Шаҳром Самиев (“Ислочи”-и Минск), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (“Шахтёр”-и Солигорск), Абдуфаттоҳ Худойдодзода (“Динамо”-и Брест).

Ду нафар - Меҳрубон Каримов ва Кабир Салимшоев - дар бошгоҳи футболи “Динамо-Авто”-и Тирасполи Молдова бозӣ мекунанд.

Инчунин Парвиз Умарбоев дар Булғористон (КМВА София 1948), Амирбек Ҷӯрабоев дар Филиппин (“Юнайтед Сити”), Ҳамадонӣ Камолов дар Испания (“Паракуелос Антамире”) ва Хусрав Тоиров дар Қазоқистон (“Атирау”) ҳунарварӣ менамоянд.

Ҳамчунин боз якчанд дастпарварони футболи тоҷик, ба монанди Алиҷон Айнӣ дар Краснодари Русия, Муродалӣ Ҳақназаров дар Туркия, Рустам Соиров дар Эстония, Нозим Бобочонов дар Баҳрайн, Ҷамолиддин Зардиев дар Молдив бозӣ мекунанд.

Дарвоқеъ, бештари футболбозони тоҷик, ки ҳоло дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд ва дар мавриди зарурат ба ҳайати тими миллӣ даъват карда мешаванд.

Зимнан, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми шоҳ-2022») дар шаҳри Чиангмайи Тайланд иштирок хоҳад кард.

Ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022», ки аз 20-ум то 26-уми сентябри имсол доир мегардад, тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон ғолиб гардид ва бори аввал ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG