Як хонаводаи муҳоҷири тоҷик дар Русия талаб кардааст, ки парвандаи вобаста ба кӯдаки панҷсолаи онҳоро додрас аз қавми бурят баррасӣ накунад.
Аноргул Ғайбуллоева ва Асад Азизов, зану шавҳари муҳоҷире, ки пас аз панҷ соли талош кӯдакашонро соҳиб шуданд, имкони берун шудан аз хоки Русияро надоранд.
Мария, духтари онҳо соли 2017 дар Иркутск таваллуд шуд, вале модар бинобар мушкили санад натавонист, сари вақт ӯро аз таваллудхона бигирад. Ин тифл чанд сол дар тарбияи як оилаи бурят буд.
Ҷомеаи бурятҳо барои баргардондани кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ маърака ба по кардаанд. Волидони тоҷик тарс доранд, ки додрас эҳтимол ба манфиати ҳамқавмонаш ҳукм содир кунад.
Гуфтугӯ