Рӯзи чоршанбе, 24-уми август, се бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мавқуфмондаи даври дуюм миёни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Инчунин ду бозии мавқуфмондаи даври 9-ум баргузор шуд. «Хатлон»-и Бохтар дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд низ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода дастаи мизбон - «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо касби 22 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон – «Истиқлол» - бо касби 21 имтиёз дар ҷадвал мақоми дувумро соҳиб шудааст. “Файзканд”-и Восеъ бо касби 21 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.
Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷик истон рӯзҳои 2-4-уми сентябр баргузор мешаванд. 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кӯлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфмонда
Бозии даври 2-юм
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 0:0
24 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7300 тамошобин.
Бозии даври 9-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:3
Голҳо: Далер Ёдгоров, 34 (0:1). Сергей Сканян, 62 (0:2). Далер Ёдгоров, 74 (0:3).
24 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.
Бозии даври 9-ум
КМВА – «Хатлон» – 0:3
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 24 (0:1). Саидшо Бозоров, 83 (0:2). Тоҳир Тағойзода, 86 (0:3).
24 августа. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 120 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
12 |
6 |
4 |
2 |
13-6 |
22 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
10 |
6 |
3 |
1 |
22-6 |
21 |
3 |
«Файзканд» (Восеъ) |
12 |
6 |
3 |
3 |
15-16 |
21 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
13 |
5 |
5 |
3 |
14-12 |
20 |
5 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
12 |
5 |
4 |
3 |
14-8 |
19 |
6 |
КМВА (Душанбе) |
12 |
5 |
2 |
5 |
16-19 |
17 |
7 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
12 |
4 |
2 |
6 |
16-10 |
14 |
8 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
12 |
3 |
2 |
7 |
16-24 |
11 |
9 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
12 |
3 |
1 |
8 |
10-18 |
10 |
10 |
«Равшан» (Зафаробод) |
13 |
2 |
4 |
7 |
11-28 |
10 |
Даври 14-ум
2 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»
3 сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Истаравшан» – «Равшан» (Зафаробод)
«Равшан» (Кӯлоб) – КМВА
4 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Хатлон»
«Файзканд» – «Истиқлол»
Гуфтугӯ