Раҳбарони Тоҷикистону Русия рӯзи 23-юми август дар суҳбати телефонӣ вазъи Афғонистон ва минтақаро баҳс кардаанд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон тамоси Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро “суҳбати дӯстона” номид.
Дар хабарнома гуфта мешавад, онҳо “масоили муҳими байнулмилалӣ ва ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ карда, ба вазъи Афғонистон таваҷҷӯҳ намуданд”.
Ҷузъиёти суҳбат маълум нест.
Владимир Путин рӯзи 28-уми июни имсол ба Тоҷикистон омад. Дар он сафар низ ҷонибҳо ҳеч созиши муҳиме имзо накарданд ва ҷузъиёти сафар нокушода монд.
Гуфтугӯ