Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 486 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа


Тобути яке аз муҳоҷирони фавтида
Тобути яке аз муҳоҷирони фавтида

Дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус Русия, фавтидаанд.

Ин омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 149 маврид бештар.

Мақомот сабаби марги шаҳрвандонро “беморӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва омилҳои дигар” арзёбӣ мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, барои овардани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан мадад хоҳанд кард.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, худи онҳо пул ҷамъ карда, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG