Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико аз риояти ҳуқуқи инсон дар Бадахшон гуфтааст


Ҷон Марк Поммершайм ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба озодиҳои бунёдӣ таъкид кардааст.
Ҷон Марк Поммершайм ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба озодиҳои бунёдӣ таъкид кардааст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки сафири ин кишвар бо даъвати мақомоти тоҷик ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардааст.

Ба гуфтаи сафорат, Ҷон Марк Поммершайм дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Помир-Инвест 2022” дар Хоруғ, ки рӯзҳои 16-17-уми август баргузор шуд, ширкат кардааст. Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз камтарин дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аст, ки пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи май дар Бадахшон ба ин вилоят сафар мекунад.

Баъди тазоҳуроти олуда ба хушунат дар моҳи май дар ноҳияи Рӯшон мақомоти тоҷик эълон карданд, ки 16 нафар “узви гурӯҳи ҷиноятиро дар Бадахшон безарар кардаанд ва даҳҳо нафари дигарро боздошт кардаанд. Сокинон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомотро дар саркуби бераҳмонаи тазоҳургарон ва қатлу шиканҷаи бегуноҳон муттаҳам мекунад.

Дар хабарномаи сафорат гуфта мешавад, ки сафир бо тарҳҳое, ки Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мекунад, шинос шудааст. Нерӯгоҳи барқи обии Себзор, ки беш аз 600 ҳазор нафарро бо барқ таъмин мекунад, Маркази амрикоӣ дар Хоруғ ва технопарки Помир, ки садҳо нафарро ба гуфтаи сафорат, ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифтааст, аз ҷумлаи чунин тарҳҳо будааст.

Дар хабарномаи сафорат ишора шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳо барои беҳбудӣ “рушди бемонеаи бахши тиҷорат, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, интернети боэътимод ва расонаҳои мустақил низ ҳаётан муҳиманд.”

Барои ин, ба гуфтаи сафорат, ҷавонон бояд “бидуни тарсу ҳарос, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ” идеяҳои худро пешниҳод кунанд. Аз нимаи моҳи май то охири моҳи июн дар вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон Интернет дастнорас буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG