Дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия мақоми севумро касб кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин ҳаштумин медали варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо мебошад.
Мусобиқаи дастаӣ оид ба ҷудо рӯзи 17-уми август доир шуд ва рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардон сурат гирифт.
Паҳлавонони тоҷик мебоист дар даври аввал бо гуштигирони узбек рақобат мекарданд, вале дастаи Узбекистон ба иллати ҷароҳати варзишгаронаш аз ширкат дар ин марҳила даст кашид. Бинобар ин, дастаи Тоҷикистон мустақиман ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими Озарбойҷон вориди майдони рақобат шуд. Вале ғалабаи Шодмон Ризоев (-81 кг) кофӣ набуд, ки гуштигирони тоҷик ба финали мусобиқа роҳ ёбанд, зеро Саидаброров ва Устопириён дар рақобатҳои худ мағлуб шуданд ва дар натиҷа дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 1-3 ноком шуд.
Инчунин тими Эрон низ барои ҷойи севум бо медалӣ биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Озарбойҷон ғолиб шуд ва медали тило гирифт. Тими Туркия, ки ҷойи дувумро азони худ кард, бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Зимнан, барои мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ин аввалин медал аз рақобатҳои дастаӣ ба шумор меравад. Вале мунтахаби занонаи ҷудои Тоҷикистон бо сабаби нопурра будани ҳайат дар рақобатҳои дастаӣ ширкат накард.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи инфиродии ҷудо дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) соҳиби медали нуқра, Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот ҳашт медал (се медали нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.
Қаблан Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гашта буд. Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 29-ум қарор дорад.
Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 303 медал (127 тило, 97 нуқра ва 79 биринҷӣ) гирифтааст.
Мунтахаби Узбекистон бо касби 140 медал (46 тило, 38 нуқра ва 56 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум аст. Мунтахаби Эрон бо касби 127 медал (38 тило, 41 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 85 медал (26 тило, 30 нуқра ва 29 биринҷӣ), Қазоқистон - 80 медал (24 тило, 22 нуқра ва 34 биринҷӣ), Индонезия - 51 медал (12 тило, 10 нуқра ва 21 биринҷӣ), Марокаш - 46 медал (12 тило, 10 нуқра ва 24 биринҷӣ), Баҳрайн - 23 медал (9 тило, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ), Қирғизистон бо касби 30 медал (8 тило, 8 нуқра ва 14 биринҷӣ) ва Алҷазоир – 33 медал (7 тило, 11 нуқра ва 15 биринҷӣ) дохиланд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 44 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 20 медал (4 тило, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 12-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумораи камтари медалҳо ва бидуни нишони тило дар ҷойи охирин аст.
Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки имрӯз, 18-уми август, ба анҷом мерасад, 20 намуди варзиш дохил буд. Варзишгарони тоҷик бо шумули 48 нафар дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд – варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ), камонварӣ, каратэ-до, таэквондо WT, тенниси рӯи миз ва ҷудо иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз ин пеш 6 медал (як тилло, як нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.
Гуфтугӯ