Пайвандҳои дастрасӣ

 
Парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро ба додгоҳ фиристодаанд. Бо 3 иттиҳом ва яке сахт
Хабари нав

Парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро ба додгоҳ фиристодаанд. Бо 3 иттиҳом ва яке сахт


Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад.

Мақомот дар Тоҷикистон мегуянд, таҳқиқи парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷикро анҷом дода, барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фиристодаанд.

Ғурбатӣ ба таҳқир ва зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмонҳои мамнуъ муттаҳам шудааст. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд. Онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот иҷозаи дидор бо Абдуллоро намедиҳанд.

Рӯзи 17-уми август дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур тасдиқ карданд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дасти онҳо расидааст. Масъулини додгоҳ гуфтанд, “парвандаро ҳамин рӯз гирифтем, ҳанӯз рӯзи аввали мурофиа маълум нест.”

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (330 қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328 қисми 1), иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307 иловаи 3 қисми 2).

Ду иттиҳоми аввал ҷарима, вале иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манобеи муътамад мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Дар оғоз ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки ба як корманди пулис дар дохили бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур-1 ҳамла кардааст.

Чанд ҳафта баъд, мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба узвият дар ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар донистанд. Худи Ғурбатӣ ва наздиконаш ин иттиҳомҳоро рад кардаанд. Дар ҳамин ҳол пайвандонаш мегӯянд, ду ҳафта мешавад, ки ин рӯзноманигорро дар боздоштгоҳ дида наметавонанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдулло Ғурбатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ду ҳафта шуд, ки барои вохӯрӣ меравам, вале додситон иҷозат намедодаст. Муфаттиш гуфт, рӯзи қабул равам, шояд иҷозат медиҳад. Лекин ду бор дар рӯзи қабул рафтам, додситон набуд. Дирӯз додситон иҷозатнома дод, вале вақте рафтам, гуфтанд, ки парванда ба додгоҳ рафтааст ва танҳо бо иҷозаи додрас метавонам, бо шавҳарам вохӯрам."

Давоми ду моҳи боздошт, наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ борҳо шикоят кардаанд, ки мақомот барои вохӯрӣ иҷозат намедиҳанд. Масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ягон маротиба ҳозир нашуданд дар ин бора суҳбат кунанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ чанд моҳи ахир ҳамроҳ бо Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзманигори дигари тоҷик гузоришҳо омода карда дар канали худ дар Ютуб мегузоштанд. Видеоҳо низ садҳо ҳазор бор дида шудаанд. Гузоришҳои онҳо дар бораи мушкилоти иҷтимоии ҷомеа вокунишҳои зиёдро ба миён оварда буд. Далери Имомалӣ ҳам дар як рӯз бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ боздошт шуд.

Дар Тоҷикистон дар се моҳи охир ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG