Интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маротиб камтар шудааст.
Пас аз даргирии хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрели соли 2021 кишвари ҳамсоя марзашро бо Тоҷикистон яктарафа баст. Бастани марз ҳарчанд, додугирифт миёни ду кишварро пурра қатъ накардааст, вале чанд маротиба кам шудааст.
Манфиати ҳарду тараф
Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ додугирифт миёни ду кишвар наздики 7 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба як сол пеш қариб 60 дарсад камтар аст.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, "қисми асосии гардиши мол воридотӣ буда, 6,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”
"Ҳамин воридот ҳамааш тариқи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон амалӣ шудааст. Асосан аз Қирғизистон ангишту дигар маҳсулот ворид шудааст,"--афзуд, ӯ.
Тоҷикистон бо Қирғизистон панҷ гузаргоҳи гумрукӣ дорад, ки тӯли бештар аз як соли охир баста мондаанд. Ба гуфтаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳоло воридоту содироти қочоқӣ низ тақрибан вуҷуд надорад.
Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди баста будани марз, сурат гирифтани табодули молу коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон далели барои иқтисоди ҳарду кишвар муҳим будани ин додугифт аст.
Ду кишвар аз ҳамдигар чӣ вобастагӣ доранд?
Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров, рӯзи 9-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зудтар боз шудани марз миёни кишварҳо ба манфиати ҳарду тараф аст. "Аз вақте ки алоқаҳо канда шуданд, нархи сузишворӣ дар Тоҷикистон ба маротиб баланд рафт. Тоҷикистон метавонад, ки ба Қирғизистон ба миқдори хеле зиёд мева содир кунад, зеро аксари меваҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, масалан, худи ҳамин лимон, ки хеле зиёд истеҳсол мекунем, дар Қирғизистон истеҳсол намешавад. Яъне, аз дигар ҷой меоранд. Умуман як руйхати хеле калонро давом додан мумкин аст. Гумон мекунам, ки мо бояд кушиш кунем, тамоми монеаҳое, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сабабҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст, онҳоро аз байн барем,"--гуфт, Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Дар замони хуб будани равобити Тоҷикистону Қирғизистон табодули молу коло миёни онҳо то 185 миллион доллар расида буд.
Феълан, масъулони Хадамоти гумрук дақиқан нагуфтаанд, ки аз кишвар ба Қирғизистон чӣ содир мешавад, вале дар гузашта маҳсулоте, мисли пиёз, ангур, олуча, гелос, зардолу, шафтолу, қувваи барқ, доруворӣ ба ин кишвар содир мешуд. Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тухми офтобпараст, маҳсулотҳои қаннодию макаронӣ, ангишт, маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои шустушӯӣ ва чӯбу тахта ворид мегардид.
Дар бораи қочоқи молу маҳсулот миёни кишварҳо борҳо хабарҳо нашр шудааст. Ҳарчанд ҳоло раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба набуди қочоқи мол миёни кишварҳо таъкид мекунад, вале бархе коршиносон мегӯянд, имкони интиқоли молу маҳсулоти қочоқӣ бо вуҷуди баста будани марз вуҷуд дорад.
Тоҷикистон мехоҳад, Қирғизистон не
Ин ду кишвари ҳамсоя дар тарҳҳои муҳими иқтисодӣ аз қабили CASA-1000, лоиҳаи сохтмони Роҳи оҳани Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-Чин шариканд, ки ба назари баъзе коршиносон, сарнавишти онҳо аз ҳали мушкилоти марзӣ вобастагӣ дорад. Сардии муносибатҳо ва баста будани марз, на танҳо ба тарҳҳои минтақавӣ, балки ба тиҷорати наздиммарзӣ ва вазъи зиндагии сокинони ду тарафи марз бетаъсир намондааст.
Тоҷикистон зоҳиран хостори рушди тиҷорат ва рафтуомад бо ҳамсояаш аст, вале Қирғизистон дар ин бобат майле нишон намедиҳад. Бо вуҷуди нишасту мулоқотҳои расмии тарафҳо мушкили ҷойдошта ҳалли худро пайдо накардааст.
Рӯзи 24-уми майи соли гузашта ҳукумати Қирғизистон бо як қарори худ вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт.
Ин иқдом пас аз даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, руи даст гирифта шуд. Он замон Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, он вақт дар ҷараёни даргириҳои марзӣ 36 нафар кушта ва 183 нафар маҷруҳ шудаанд.
Ду кишвар 987 километр марз доранд ва бахше аз он номуайян аст. Гоҳ-гоҳ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша дар сар задани он ҳамдигарро айбдор мекунанд.
Гуфтугӯ