Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 соли бебарқиву беобиҳои Навободи Панҷакент. ВИДЕО


"Навобод"-и нообод ва ё сайре ба маҳаллаи лӯлитаборони Панҷакент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

"Навобод"-и нообод ва ё сайре ба маҳаллаи лӯлитаборони Панҷакент

Деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент 13 сол пеш бунёд шуда, аз маркази ин шарҳ 22 км дур аст.

Ҳоло ҳудуди 150 хонаводаи асосан лӯлитаборон дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Набуди мактаб, об ва барқи доимӣ аз мушкили аслии сокинони инҷо будааст.

Мушкили дигаре, ки сокинони лулитабори Панҷакентро домангир аст, ин надоштани шиносномаву шаҳодатномаи таваллуд будааст, ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ вуҷуди ин мушкилро рад мекунанд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон аз 18 то 20 ҳазор лӯлиён зиндагӣ мекунанд. Аммо омори ғайрирасмӣ шумораи онҳоро то 40 ҳазор нафар нишон медиҳад.

Дар шаҳри Панҷакент ҳам шумораи лӯлиёнро 2200 нафар медонанд, ки танҳо 1273 нафарашон дар китоби раиси маҳалла номнавис шудаанд. Дар қайди расмӣ сабти ном нашудани онҳо сарчашмаи мушкилоти зиёдест, ки бо гузашти солҳо роҳи ҳаллаш душвортар мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG