Бо фармони президенти Тоҷикистон ҳамасола 10-уми август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад ва бахшида ба ин ҷашн дар ҳамаи манотиқи кишвар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешавад.
Рӯзи варзишгарон ин иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, кормандони соҳа, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш мебошад.
Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд, муаррифгар ва парчамбардори кишваранд. Зимнан, даҳ сол муқаддам – 8-уми августи соли 2012 – варзишгари маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон дар мусобиқаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар арафаи Рӯзи варзишгарон паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – баргузор шуд, се медал – ду нишони нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило медали нуқра, инчунин Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 65 нафар, ки 48 нафарашон варзишгаранд, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия ширкат доранд.
Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки 9-уми август баргузор шуд, Раҳмонҷон Маҳмадбеков (гуштии озод) ва Муниса Ойматова (таэквондо WT) парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон буданд.
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш, ба монанди бадминтон, баскетбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, велосипедронӣ, волейбол, гуштии озод, гуштии юнонию румӣ, камонварӣ, каратэ, таэквондо WT, тенниси рӯи миз, футбол, ҳандбол, ҷудо, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ғайра дохил аст.
Варзишгарони тоҷик дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ рақобат мекунанд.
Дар байни онҳо варзишгарони маъруфи тоҷик, монанди Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Муниса Ойматова (таэквондо), Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Шаҳбоз Саидаброров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Шоҳида Қаландарова (ҷудо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Муҳаммад Икромов (гуштии озод), Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов (гуштии юнонию румӣ), Афзал Маҳмудов (тенниси рӯи миз) ва дигарон ҳастанд.
Имрӯз, 10-уми август, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими Узбекистон бозӣ мекунад.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 шуруъ мешавад. Пеш аз ин дидор соати 18:00 тимҳои ҷавонони Эрон ва Қирғизистон рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе панҷ тими мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд. Мусобиқот то рӯзи 12-уми август идома хоҳад кард.
Баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвал бо касби 6 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:1 ва дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуданд.
Дастаҳои Эрон ва Қирғизистон бо касби чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.
Гуфтугӯ