Дар Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки аз 28-уми июл то 8-уми август дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, 1355 варзишгар аз 13 кишвар — Арманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Муғулистон, Покистон, Русия, Тайланд, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзиданд. Федератсияи Русияро варзишгарони навраси ҳашт минтақа муаррифӣ карданд.
Бояд гуфт, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Бозиҳои VII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” иштирок надоштанд.
Дар 11 рӯзи бозиҳо варзишгарон барои 273 маҷмуи медалҳо дар 19 намуди варзиш рақобат карданд: бадминтон, баскетбол 3х3, гуштии кураш, гуштии хапсагай, бокс, волейболи соҳилӣ, ҷудо, варзиши сабук, мас-рестлинг, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ), камонварӣ, рақси варзишӣ (равияи «брейкинг»), тэквондо, мини-футбол, гимнастикаи бадеӣ.
Дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ варзишгарони навраси Округ ё Ҳавзаи федеролии Сибир ғолиб шуданд. Онҳо 119 ҷоиза— 45 медали тило, 38 нуқра ва 36 биринҷӣ гирифтанд.
Мақоми дувумро мунтахаби Узбекистон – 114 (41-28-45) – соҳиб шуд. Намояндагони Москва дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд – 110 (31-38-41).
Бозиҳои VIII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” соли 2024 дар Якутск, Бозиҳои II байналмилалии варзишии зимистонаи “Бачагони Осиё” соли 2023 дар Кузбасси Русия баргузор мешаванд.
Зимнан, бозиҳо дар чор сол як маротиба гузаронида мешаванд. Онҳо бори аввал ба муносибати ҷашни 100-солагии ҳаракати муосири олимпӣ дар соли 1996 бо ташаббуси аввалин президенти Ҷумҳурии Саха /Ёқутистон/ Михаил Николаев баргузор шуда буданд.
Ҳадафи ин бозиҳо таблиғи ҳаракати олимпӣ дар байни кӯдакону наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши кӯдакону наврасон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои дӯстона байни кӯдакону наврасони кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Дар тӯли 25 соли охир ҳазорҳо варзишгари ҷавон аз беш аз 30 кишвари Осиё иштироккунандаи бозиҳо гардиданд. То соли 2019 бозиҳо танҳо дар тобистон баргузор мешуданд. Пас аз бозиҳо дар Южно-Сахалинск мусобиқаҳо ба тобистон ва зимистон тақсим шуданд. Бозиҳо на танҳо мусобиқаҳои варзишӣ, балки барномаи бузурги фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои эҷодиро дар бар мегиранд. Шиори бозиҳо «Аз дӯстӣ дар варзиш - ба сулхи рӯи замин» мебошад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё”, ки соли 2016 дар Владивостоки Русия баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 20 варзишгар, аз он ҷумла ду духтар дар чаҳор намуд – бокси занона, гуштии озод, ҷудо ва самбо ширкат карданд.
Шоҳрух Саидов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 35 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило барандагони медалҳои нуқра шуданд. Дар риштаи бокси занона Сумая Қосимова дар вазни то 46 кило ва Идимоҳ Холова дар вазни то 57 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Инчунин дар намуди гуштии озод Афзалшоҳи Ҳикматулло дар вазни то 50 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 75 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфтугӯ