Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштанд Пошшо Анвара". Сад сол пеш дар Балҷувон


Ба муносибати 100-умин солгарди марги Анвар Пошшо. Андешаҳо.

Камолиддин Абдуллоев, таърихнигор

Бахши аввал

100 сол пеш рӯзи Ҷумъаи санаи 4–уми августи соли 1922 иди асосии мусулмонон – Ид ал-Адҳо, маъруф ба Иди Курбонро таҷлил мекарданд. Айнан дар ҳамон рӯз дар Балҷувон Анвар Пошшо кушта шуда буд.

Дар зиндагии Анвар Пошшо ҳамин санаи 4–уми август як гуна санаи рамзие шуда буд. Дақиқан дар ҳамин сана, яъне 4–уми августи соли 1920 ӯ сарҳади Русияро убур мекунад. Ва пас дар Москав ба ҳукумати он давраи Кремлин ӯ пешниҳод мекунад, ки дар Туркия, Эрон ва Афғонистон бар зидди ҳукуматҳои давлатҳои капиталистӣ, пеш аз ҳама бар муқобили Инглистон шуришҳои миллӣ ташкил карда шаванд. Аммо дар Москав ин пешниҳоди ӯро пуштибонӣ намекунанд. Дар он замон Кремлин тасмим гирифта буд, ки дар Шарқ оташи рағбати инқилобии худро пасттар намуда, бо ҳукуматҳои буржуазӣ ҳамкорй кунад. Ва бинобар ин Кремлин бо ҳукуматҳои Туркия ва Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карда буд. Аз ин ҷост, ки Анвар Пошшо пас аз кӯшишҳои бесамараш дар таъсиси як барномаи муштарак бо болшевикон, рӯзи 11–уми октябри соли 1921 ба Бухоро меояд. Ва аллакай пас аз як моҳ ӯ бо босмачиҳои Бухорои Шарқӣ шартномаи ҳампаймонӣ мебандад. Дар дарки Анвар Пошшо босмачиҳо як қисми ҷунбиши бузурги мардуми мусулмон ба муқобили империализми Ғарб (ва Шуравӣ) буданд. Ва ӯ як ниёзи ношикебое дошт то барои он ҳама 40 миллиюн мусулмонони Осиёи Миёна қаҳрамони миллӣ гардад.

Ҷанг дар Балҷувон

Аммо, бармегардем ба ҳамон рӯзи тақдирсози 4-уми августи соли 1922. Як рӯз пеш аз он Анвар Пошшо ва шарики размандааш Давлатмандбой, ки аз туркони Балҷувон ва сарвари шуришгарони Кӯлоб буд, 30 нафар размандагони савораро бо худ гузошта, боқимондаро барои иштирок дар таҷлили Иди Қурбон ҷавоб медиҳанд. Ногаҳон, дар айни рафти ҷашни Ид, ки бузкашӣ ҳам қисми он буд, аз куҷое як гурӯҳи нерӯҳои артиши сурх пайдо шудааст ва дар набардҳои ба амал омада Анвар Пошшо ва Давлатмандбий кушта шудаанд. Дар бораи он ки баъдан чӣ ҳаводисе рух додааст қиссаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ҳама аз якдигар фарқ мекунанд. Дар ин бора шаҳодатҳои худи кӯлобиҳо мавҷуданд ва ҳам қиссаҳои муҳоҷирони Бухоро дар Афғонистон ва боз санадҳои бозпурсии босмачиён ва ҳам гузориши артиши сурх ва ҳам ёддоштҳои ҳамзамонони Анвар Пошшо ва манобеъи дигаре, ки ҷузъиёту тафсилоти мухталифи он руйдодро тасвир мекунанд. Ба назари ман, эҳтимолан, ҳаводиси наздиктарин ба воқеъияти он набарде, ки дар маҳаллаи деҳаи Чагон (дар манобеи гуногун деҳҳои Яп, Обидара ва Сангтӯда низ номбар мешаванд) сурат гирифтааст, чунин аст.

Анвар Пошшо шахсан дар он ҷанг иштирок доштааст ва дар он задухӯрд кушта шудааст. Дар мактубу муроҷиатномаҳои баҳору тобистони соли 1922 ӯ рӯирост навишта буд, ки омодааст, агар бимирад шаҳид (шаҳиди имон) шавад, ва агар дар ҷанг бо “кофирон” ғалаба кунад, ғозӣ (яъне сарбози ихтиёрӣ) бошад. Ва дар нимаи моҳи июл, замоне ки артиши сурх Душанберо ишғол карда буд, ӯ ахиран дарк намудааст, ки разму пайкорашро батамом бохтааст. Нақшаи Анвар Пошшо ва ҷонибдорони ӯ – туркзабонони Русия ва Бухоро, ки мехостанд ба монанди артиши аврупоӣ аз размандагони Бошқирдистон, Қирғиз-Қазоқ, Қашғару Фарғона ва атрофи дигаре то сарҳади Афғонистон як ҷабҳаи ягонае таъсис диҳанд, ҳанӯз оғоз нашуда барбод рафт.

Афсарони бошқирд (40 нафар), ки онҳоро сарвари миллатгароёни бошқирд Закӣ Валиди Тоқан барои «додани дастур» ба муҷоҳидин фиристода буд, моҳи апрели соли 1922 аз тарафи босмачиёни канори шаҳри Бухоро ҳамчун «кофирон» кушта шуданд. Босмачиёни Ҳисор ва Кӯлоб бошанд, чун воҳидҳои қабилавии худмуҳофизи вафодори Амир, ба нақшаву дархостҳои пантуркистону панисломистон гӯш кар карда буданд. Онҳо назорат кардани канораҳои Бухоро ва аз хоҷигиҳои деҳоти он атроф ситонидани “андози ҷиҳод”–ро, ки дар асл ба террори аҳолӣ монандӣ дошт, авлотар медонистанд.

Ин воҳидҳои худмуҳофизи Амир аз даргириҳои мустақим бо русҳо худдорӣ мекарданд ва ба ҷои он бо русҳо мукотиба намуда, аз ахирӣ талаб (ё ба онҳо пешниҳод) мекарданд, ки Бухорои Шарқиро тарк кунанд. (Толибони Афғонистон ҳам дар солҳои 2001-2021 тақрибан ҳамин тавр рафтор мекарданд). Онҳо берун аз худуди заминҳои худ ҷанг кардан ва ба интизоми ҷангӣ итоат намуданро, ончуноне ки женерол аз онхо талаб мекард, қатъиян рад мекарданд. Ин гуруҳҳо баландпарвозии мақоми Анвар Пошшоро як дастдарозӣ ба озодиҳои худ ва талоши бар болояшон барқарор намудани ҳукмронии хориҷӣ медонистанд.

Воқеъият ин буд, ки дар он замон тафовутҳои идеолужӣ ҳам кам набуданд. Охир, ба ақидаи тарафдорони Амир, ки Қурбошиҳо ҳам бар он ақида буданд, айнан ҳамон миллатгароён ва озодихоҳони бухороӣ, ки тарафдори Анвар Пошшо буданд, дар суқути Бухоро даст доштанд. Ва бино бар ин тарафдорони Амир ба ин гуна ҳавохоҳони Анвар Пошшо нафрат доштанд ва ба онҳо бовар намекарданд. Дар назари онҳо Анвар Пошшо як марди бодии хориҷиеро мемонд, ки дар либоси аврупоӣ ва мӯйлаби тобдодаи "пруссиявӣ" ҳай худнамоӣ мекард.

Набарди “Наполеонҳо”

Дар ҳоле ки муҷоҳидини ғоявӣ ҳануз як навъ садоқате нисбат ба фармондеҳ Анвар Пошшо дошта буданд, босмачиёни Иброҳимбеки лақай талош доштанд ба пушти Анвар Пошшо корд зананд. Яке аз сабабҳои асосии шикасти Анвар Пошшо муносибати бади Иброҳимбек ба ӯ буд. Аз рафти кор маълум буд, ки нн сарвари якрави лақайҳо дар шахсияти Анвар Пошшо ба мисли худаш як бузургмардеро дарк кардааст. Бесабаб нест, ки матбуоти хориҷӣ ҳардуи онҳоро "Наполеон" меномид. Дар асл Наполеон номи рамзии мардест, ки талоши яккатозӣ дорад ва доштани нақшаҳои қудратталабии бениҳоят хоси ӯст. Ин мард аз сатҳи поини ҷомеа баромадаву мустақилона шуҳрат пайдо кардааст ва бо ҳамаи ин номи худро дар таърих сабт намудааст.

Сад сол муқаддам дар Ҳисор, Вахш ва Кӯлоб рақобати шахсии байни «Наполеонҳо»–и туркиву лақаӣ вусъат ёфт. Дар авҷи шуриши зиддиинқилобии он давр — дар арафаи солхои 1921 ва 1922, замоне, ки он шуриш ҳануз ҳам умеди расидан ба пирузиро дошт, Иброҳимбеки лақай Анвар Пошшоро се моҳ дар асорат нигоҳ дошта буд. Зиёда аз ин, ба муқобили раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухоро ҷадид Усмон Хоҷаев, ки бо кумаки туркҳо дар Душанбе зидди русҳо ошӯб бардошта буд, ин Иброҳимбек баромад намудаву дар охири соли 1921 дар шикасти ин шуриш ба Артиши Сурх кумак кард. Ва ҳам баъди бо дархости Олимхон ва Амонуллохон озод кардани Анвар Пошшо Иброҳимбек ба муқобили Анвар Пошшо, ки аз ҷониби муҷоҳидин ба унвони сарфармондеҳ эътироф шуд, баромад мекард ва ҳатто дар як задухӯрди ошкорои ҳарбӣ зидди ин «сарфармондеҳи нерӯҳои ислом» ширкат варзид. Ҳамин тавр, Иброҳимбек дидаву дониста ба Фармондеҳони Шӯравӣ кумак кард, то дар мубориза бо Анвар Пошшо ахириро нобуд кунанд.

Анвар Пошшо аз хиёнати Иброҳимбек ба газаб омада буд ва аз ин варта, аз вазъияти барояш хеле душвор роҳҳои халосиеро меҷуст. Бозгашти қонунӣ ба Туркия барояш ҳамоно аз имкон берун буд, зеро дар моҳи марти соли 1921 Маҷлиси Миллии Туркия вуруди ӯро ба хоки Туркия манъ карда, бо Русия шартномаи дӯстӣ баста буд. Анвар Пошшоро ноумедӣ фаро гирифта буд ва ӯ ҳатто омода буд ба душманони ашаддии худ — инглисҳо дар Афгонистон таслим шавад. Ӯ ба онҳо пешниҳод кард то ба муқобили болшевизм дар якҷоягӣ мубориза баранд. Дар ин хусус ба амир Амонулло навишта, аз ӯ илтиҷо намуд, ки байни ӯву инглисҳо миёнарав шавад.

Дар ҷавоби мактубаш танҳо хомӯшие бо он маъное буд, ки ӯ набояд умуман дар хоки Афғонистон пайдо шавад. Ҳанӯз моҳи марти соли 1921 инглисҳо бо Русия як созишномаи тиҷоратиеро имзо карданд ва ба афғонистониён фармони қатъӣ доданд, то ҳукумати Москавро ба хашм наоваранд ва ба Бухоро кумак накунанд.

Дар он замон Афғонистон ягона кишваре буд, ки дар солхои 1920—1922 ба гуруҳҳои зиддиинқилобии мусулмонон ҳамдардӣ ва гоҳ-гоҳе кумак ҳам мекард. Афғонистониён аз тарси Русияи Шӯравӣ ва Инглистон ин корро бо ҳароси зиёд ва шеваи номуназзам анҷом медоданд. Пас аз он ки афғонистониён дар моҳи июли соли 1922 гуруҳҳои худро аз Душанбе ва Ҳисор дар зери фишори Лондон ва Маскав бароварданд, босмачиён пуштибонии Афғонистонро низ аз даст доданд ва дар як бунбасти маргбори байналмилалӣ қарор гирифтанд.

Бо ҳамин набарди ҳарбиии Анвар Пошшо шикаст хӯрд ва барояш танҳо ду роҳ – ҷанг барои зинда мондан ва ё амиқан бо марг рӯёрӯ шудан боқӣ монда буд. Роҳи дигаре ҳам вуҷуд дошт – “наҷот додани пӯсти худ” , яъне ки то сарҳад рафта, бо кӯмаки қочоқчиён ба Ҳиндустон сафар кунаду дар он ҷо гум шавад. Аммо барои Анвар Пошшои шӯҳратпараст ин маънои гурез, беномусӣ ва шикастро дошт.

Инак, 4 август Анвар Пошшо дидаву дониста, ба набарди маргбор ворид шуд. Гуруҳи ӯ қисман торумор шуда, қисман, мурдагонро дар майдони ҳарб партофта гурехт. Пас аз ҷанг қушуни сурхҳо ҷасади як афсари туркро иштибоҳан Анвар Пошшо гумон карда, бо худ бурд. Худи Анвар Пошшоро дарҳол пас аз ҷанг тоҷикон дар қабристони деҳаи Чагон ба матои саллае, ки аз сари марҳум гирифта буданд, печонида, ба хок супурданд. Онҳо баъзе ҳуҷҷатҳо ва чизҳои шахсии он туркро, аз ҷумла мукотибаашро бо занаш, гирифтанд ва дертар он санадҳоро ба Ҳукумати Шӯравӣ супориданд.

Пас аз панҷ рӯз як афсари турк Самибой Қушчибошӣ (Салим Пошшо) дар Чагон пайдо шуд ва ба ҷои Анвар Пошшо фармондеҳ гашт. Ӯ ҷасадҳоро аз хок бароварда барояшон маросими дафни дурустеро ташкил кард, ки дар он чанд ҳазор мардуми мусулмон аз деҳоти атроф ширкат доштанд. Анвар Пошшо ва он ҳокими мардумии маҳаллӣ Давлатмандбийро дар теппае дар мавзеи деҳаи Чагон ба хок супурданд. Ин мавзеъ ба мазор табдил ёфт, ки дар тӯли ҳама солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ сокинони маҳаллӣ онро нигоҳубин мекарданд.

(Поёни бахши аввал)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG