Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 23-юми июл дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе тифле чашм ба дунё кушод, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион нафар баробар кард. Волидони писарбачаи навзод, ки номашро Фирдавс гузоштанд, Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова -сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳастанд ва аксар танқидҳо маҳз аз зодаи шаҳри Душанбе будани ин кӯдак маншаъ мегирад.
Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби тифле, ки аҳолиро ба 10 миллион расонд, одилона намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, навзодоне, ки солҳои пеш аҳолиро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд ва ин шубҳабарангез ба назар мерасад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи шубҳаҳо дар одилона будани тасмими интихоби кӯдак гуфт, теъдоди таваллудхонаҳо ва ҳам таваллуд дар Душанбе назар ба минтақаҳо зиёдтар аст. Ба гуфтаи вазир, дар Душанбе чор таваллудхона бо 730 кат аст, вале дар Хуҷанд ду таваллудхона бо 170 кат амал мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи вазир, теъдоди таваллудхонаҳо дар Кӯлоб ва шаҳри Бохтар низ бамаротиб камтар аз Душанбе аст. Ба ин хотир, вазир мегӯяд, Душанбе аз рӯи теъдоди таваллуд назар ба минтақаҳо бартарӣ дорад.
Вазири тандурустӣ гуфт, тифли 10-миллиона аз сӯи як комиссияи дахлдор дар ин ниҳод ва якҷо бо Оҷонсии омор муайян карда шуд. “Баъзе ноҳияҳо 30 кати таваллуд дорад ва дар баъзе рӯз мумкин кӯдак таваллуд нашавад. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 2,5 миллион занони қобили таваллуд аст ва аз аз ҳама зиёд занони қобили таваллуд дар шаҳри Душанбе аст,” - афзуд вазир.
Вазир нагуфт, ки оё дар лаҳзаву соати таваллуди тифли Баротовҳо дар Тоҷикистон чанд тифли дигар зода мешавад, вале ба ҳисобҳои тахминии СММ, дар Тоҷикистон дар як рӯз ба ҳисоби миёна 820 кӯдак чашм ба дунё мекушояд. Абдуллозода танҳо гуфт, ки онҳо муайян карданд тифли 10-миллиона байни соатҳои 12:27-12:30 таваллуд мешавад. Ба гуфтаи вазир, онҳо ба таваллудхонаҳо супориш дода буданд, ки аз ҳар таваллуд вазоратро огоҳ кунад ва дар соати мавриди назар хабари таваллуд аз таваллудхонаи рақами 2-и Душанбе омад.
Баҳси инки чаро навзодоне, ки аҳолиро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, дар шаҳри Душанбе таваллуд мешаванд, солҳои гузашта ҳам садо додааст. Мақомот ҳамеша таъкид мекунанд, ки интихоби ин тифл бидуни тақаллуб сурат мегирад.
Бархе мунаққидон мегӯянд, як сабаби баҳсбарангез шудани чунин тасмимҳо дар он аст, ки маъмулан барои чунин кӯдакони “ҷашнӣ” ҳукумат подошҳои хубе мекунад. Ин навбат ҳам мақомот гуфтанд, ки ба оилаи Баротовҳо президенти Тоҷикистон дар як бинои навсохт манзили сеҳуҷрагӣ тақдим намудааст.