Расул Назриев, донишҷӯ аз Тоҷикистон, қаҳрамони шоҳмоти иёлати Монтанаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд. Ин шатранҷбози 20-сола дар Донишгоҳи Монтана аз рӯи ихтисоси барномасоз таҳсил мекунад.
Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи шоҳмоти Монтана (www.montanachess.org) хабар медиҳад, Расул Назриев бори аввал ба унвони қаҳрамони шоҳмоти иёлати Монтана даст ёфт.
Ӯ дар ибтидои мусобиқа ба нокомӣ рӯбарӯ шуда, аз Дан Матсон мағлуб гардид. Вале баъдан Расул пайиҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овард, аз он ҷумла ғолиби соли гузашта Вилтон Стриклендро шикаст дод. Ба ин тартиб, шатранҷбози ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа мақоми аввалро касб кард ва соҳиби ҷоизаи олӣ шуд.
Барои Расул Назриев мавсими шоҳмот дар иёлати Монтана бобарор гардид. Ӯ дар якчанд мусобиқаҳо пирӯз шуд. Чунончи, вай дар мусобиқаи миллии бози шоҳмот (National Open) дар Лас Вегас ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, Расул Назриев дар марҳилаи интихобӣ бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, ба қатори панҷ довталаби унвони қаҳрамони шоҳмоти Монтана дохил шуд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ба онҳо қаҳрамони иёлат Вилтон Стрикленд ҳамроҳ гардид.
Мавсими навбатии қаҳрамонии иёлати Монтана оид ба шоҳмот рӯзҳои 17-18-уми сентябр дар Биллингс оғоз меёбад. Мусобиқаи интихобӣ аз якчанд марҳила иборат аст, ки дар онҳо панҷ довталаби унвони қаҳрамонӣ муайян хоҳанд шуд. Дар марҳилаи ниҳоӣ бо онҳо қаҳрамони феълӣ Расул Назриев бозӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи падари донишҷӯ Саидраҳмон Назриев, собиқ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Расул донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи Монтана буда, фанни информатика ва киберамниятро меомӯзад.