Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагии даста ба мусобиқоти қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Аҳлиддин Турдиев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Бо сабаби он ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) баргузор намешавад, легионерҳо наметавонанд дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти мазкур дар Душанбе иштирок намоянд.
Мувофиқи созишнома бо бошгоҳҳо, футболбозоне, ки дар хориҷа бозӣ мекунанд, ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои расмии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, даъват карда мешаванд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Афғонистон (6-уми август), Қирғизистон (8-уми август), Узбекистон (10-уми август) ва Эрон (12-уми август) бозӣ хоҳад кард.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Содиқ Қурбонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Абдулло Шарипов (КМВА), Азизбек Ҳаитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аббос Андалебов, Амирҷони Фаррухзод (ҳарду аз «Равшан», Кӯлоб), Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Азизбек Далиев, Меҳроб Асоев (ҳама аз «Динамо»), Салоҳиддин Эргашев («Металлург», Узбекистон).
Ҳамлагарон: Суннатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.