Масъулони ҳукумати Фархор қисме аз бошандагони 17 хонаро дар деҳаи Ҳаёти нави ноҳия ба сохтмони ғайриқонунии манзил муттаҳам карданд.
Пештар сокинон шикоят доштанд, ки дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо зиндагӣ мекунанд, вале мақомот ба имдодашон намерасанд.
Насрулло Вализода, муовини раиси ноҳияи Фархор, дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ин афрод соли 2005 дар деҳаи Ҳаёти нав зиндагӣ ихтиёр карда, пешниҳоди мақомотро барои кӯчидан ба маҳалҳои дигар, аз ҷумла Олимтой ва Уртабуз, напазируфтаанд.
“Дар ин мавзеъ ба сабаби ба талабот ҷавобгӯ набуданаш имкони идомаи зиндагӣ нест. Хуллас, барои ҳалли масъала ғайр аз шағалпӯш намудану баъдан азнавсозии хонаҳо ё иваз намудани ҷойи зист дигар илоҷе намебошад,” – навиштааст ӯ.
Сокинон қаблан шикоят доштанд, ки се сол боз аз мақомоти маҳаллӣ гирифта то дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нома фиристоданд, вале ба ҷуз аз ваъда чизи дигаре надиданд.
“Фармон медиҳанд, мегӯянд, дастгирӣ кунед, аммо дар амал иҷро намешавад. На раиси ҷамоат дастгирӣ мекунад, на раиси идораи об,” – гуфта буд Савринисо Сафарова, сокини деҳаи Ҳаёти нав.
Хонаҳои “зери об” дар деҳаи Ҳаёти нав ва дар наздикии канале ҷойгир аст, ки обаш аз дарёи Панҷ ҷорӣ мешавад. Мардум обро баҳору тобистон барои киштукор ба инҷо меоранд, аммо дар ин муддат хонаҳояшон низ “сероб” мешавад.
Дар ин хонаҳо селаи қурбоққаҳоро низ мебинед. Чунин вазъ сокинонро маҷбур кардааст, ки дар дохили хонаву рӯйи ҳавлӣ бештар бо мӯза гарданд.