Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби муҳоҷирони узбек тавассути ниҳодҳои давлатӣ ба Русия коҳиш ёфтааст


Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.

Ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон ба Русия тавассути ниҳодҳои давлатӣ тақрибан шаш баробар коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон, имсол танҳо ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди ин кишвар тариқи ниҳодҳои давлатӣ ба кор дар Русия ҷалб карда шудааст.

Манбаъ афзудааст, теъдоди муҳоҷирони узбеке, ки дар нимсолаи аввали имсол барои кор ба Русия рафтаанд, назар ба ҳамин давраи соли 2021 шаш баробар камтар аст.

Ба гуфтаи коршиносони умури муҳоҷират, ин рақамҳо нишондиҳандаи он ҳастанд, ки муҳоҷирони кории Узбекистон мустақилона рафтан ба Русия ва пайдо кардани кор дар онҷоро беҳтар мешуморанд.

Тошканду Москва соли 2017 дар бораи ҷалби расмии муҳоҷирон аз Узбекистон ба корхонаҳои Русия созишномае имзо карда буданд, вале як коршиноси узбек, ки аз вазъи муҳоҷирон огоҳ аст, мегӯяд, созишнома миёни Узбекистон ва Русия дар рӯи коғаз боқӣ монда ва шартҳои ин санад иҷро намешавад.

XS
SM
MD
LG