Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон аз "ҳодисаҳои охир" гуфт. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "ҳодисаҳои охир" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баёнгари онанд, ки "нерӯҳои гуногун то ҳол нақшаи ноором кардани минтақаро доранд".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон гап зада, вале ҳодисаи мушаххасеро ба забон наовардааст.

"Чолиши ҷиддитарин таблиғи идеологияи ниҳоят вайронгари ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ аст," -- гуфтааст ӯ ва "тамоюли таҳкими мавқеи салафия ва ваҳҳобия"-ро хатарноктарин номидааст.

"Рӯйдодҳои охир нишон доданд, ки ифротгароёни динӣ метавонанд, ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд," -- хулоса кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Аз оғози имсол дар се кишвари Осиёи Марказӣ ҳодисаҳои хунин рӯй доданд.

Қазоқистон моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез буд. Мақомот онро кӯшиши сарнагунии ҳокимият номида, барои саркӯбаш аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хостанд.

Моҳи майи имсол дар Бадахшони Тоҷикистон амалиёти вижа баргузор шуда, бар асари он даҳҳо нафар кушта, захмӣ ва боздошт шуданд. Сокинон мегӯянд, барои дифоъ аз ҳаққи худ ба кӯчаҳо баромаданд, вале мақомот онҳоро барои "дарёфти пулу дастур аз хориҷа" муттаҳам карданд.

Дар оғози моҳи июл дар ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон низ эътирозҳои густурда сар заданд, ки мардум онро нигаронӣ аз барҳам задани мустақилии онҳо, вале мақомот кӯшиши ғасби ҳокимият номиданд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар ҳар се ҳодиса мақомотро барои саркӯби фаъолон ва дигарандешон танқид карда, аз онҳо хостаанд, аз истифодаи зиёди нерӯҳо худдорӣ варзанд.

Раҳмон дар Қирғизистон аз "ҳодисаҳои охир" ва "нерӯҳо" гуфт, аммо тафсилот надод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
XS
SM
MD
LG