Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Ал-Қоида" дар Афғонистон дубора "ҷон" мегирад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон дубора фаъол мешавад. Дар ин бора дар гузориши солонаи СММ таъкид шудааст.

Гуруҳи “Толибон” моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти иктишофии кишварҳои узви СММ, “Ал-Қоида” дар аҳди Толибон то ҷое аз фаъолияти озодтар бархурдор шудааст.

Ин ҳам ба раҳбарияти гурӯҳ имкон медиҳад, ба фарқ аз рақиби худ, гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ “бо пайравону намояндагиҳояш пайваста ва ба осонӣ тамос гирад”.

“Вазъи байнулмилаллӣ барои “Ал-Қоида”, ки мехоҳад, дубора чун раҳбари ҷиҳоди ҷаҳонӣ эътироф шавад, мусоид аст,” – омадааст дар гузориши Созмони Милал.

Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Ал-Қоида” “зинда аст ва озодона суҳбат мекунад”. Пештар сару садо буд, ки ӯ бемор ва дар дами марг аст.

XS
SM
MD
LG