Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон товон додаанд. ВИДЕО


Ноҳияи Ҷаббор Расулов
Ноҳияи Ҷаббор Расулов

11 сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд пас аз пардохти товон ё ҷарима ба Қирғизистон, аз он кишвар ба хонаҳои худ баргаштаанд. Пештар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд онҳоро ба гузашти ғайриқонунӣ аз сарҳад гунаҳкор карда буд.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, ин гуруҳи сокинонро як соҳибкор аз Қирғизистон ба кор бурда, ҷаримаашонро низ ӯ пардохтааст.

"Мо баъди боздошт ва раҳоияшон якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷамоату ноҳия рафта, ҳамроҳашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем," – гуфт Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Ҳаёти Нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 18-уми июл.

Нодир Усмонзода
Нодир Усмонзода

Ин сокинон аввали моҳи майи имсол ҳангоми кор дар кони ангишти шаҳраки Сулуктаи Қирғизистон, ҳаммарз бо деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистон, боздошт ва 3-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон муҳокима шуданд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Бодканд рӯзи 6-уми июн ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳар кадом) ба пардохти 50 ҳазор сомӣ, муодили 7 ҳазор сомонӣ маҳкум шудаанд.

Тарафи Тоҷикистон дар бораи ин воқеа то нишасти хабарии ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов сукут ихтиёр кард.

Наворро дар инҷо бинед:

Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро баргардонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Деҳаи Қӯрғонча беш аз 5 ҳазор аҳолӣ ва бо Қирғизистон ҳудуди 30 километр марз дорад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли охир ва дар пайи бад шудани равобит боздошту ҷарима ва ҳабси шаҳрвандони якдигарро бештар кардаанд. Чанде пеш Тоҷикистон ёздаҳ шаҳрванди Қирғизистонро озод ва ба кишвари ҳамсоя супурд. Онҳо низ ба гузаштани ғайриқонунӣ аз марзи байни ду давлат гунаҳкор мешуданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 980 километр марз дорад, ки қисме он мушаххас ва нишонагузорӣ нашудааст.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ зуд-зуд муноқишаи сокинон ва марзбонони ду тараф сабт мешавад. Дар низоъҳои ду соли охир аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо манзилу иншоот сӯхтаву вайрон шудаанд. Анҷоми зудтари нишонагузории қитъаҳои баҳсиро роҳи муҳими хатми хушунатҳо мегӯянд.

XS
SM
MD
LG