Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қарабоғи Кӯҳӣ дар пойтахти Гурҷистон


Қарабоғи Кӯҳӣ
Қарабоғи Кӯҳӣ

Вазирони корҳои хориҷии Арманистону Озарбойҷон дар масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар Гурҷистон мулоқот кардаанд.

Ин музокироти муҳими ду тараф пас аз ҷанги соли 2020 бар сари ин минтақаи баҳсӣ будааст.

Мақомоти расмӣ рӯзи 16-уми июл гуфтанд, музокирот дар Тифлис (Тбилиси), пойтахти Гурҷистон, се соат идома кард, вале тафсилоташ маълум нест.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон дар баёнияе танҳо гуфтааст, ки вазир Арарат Мирзоян ва ҳамтои озарбойҷонияш, Ҷайҳун Байрамов, "маҷмӯи масоили марбут ба эътидол овардани равобити ду кишварро баррасӣ карданд."

"Ҷонибҳо рафти иҷрои уҳдадориҳои қаблиро баррасӣ карда, дар бораи иқдомоти эҳтимолии оянда табодули назар карданд," – гуфта шудааст дар изҳорот.

Мирзоян бори дигар мавқеи ҷониби Арманистонро таъкид кардааст, ки ҳалли сиёсии масъалаи Қарабоғи Кӯҳиро барои истиқрори сулҳи устувору пойдор дар минтақа муҳим мешуморад.

XS
SM
MD
LG