Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо ба зарардидагони бозори "Фаровон" имтиёзҳо додаанд


Бонкҳои минтақаи Бохтар ба соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Фаровон" зарар дидаанд, имтиёзи муваққатӣ дод. Ин тоҷирон аз бонкҳо 15, 3 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Самадзода Фирдавс, роҳбари Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 503 соҳибкори бозори “Фаровон” расман муроҷиат карда, талаби имтиёз кардаанд.

Ӯ гуфт, ки соҳибкорон метавонад як сол аз супоридани баҳраи бонкӣ озод бошанд. Гуфта шуд, ки бонкҳо итиёзҳои мухталиферо барои муштариёни зарадидаашон роҳандозӣ кардаанд.

Намояндаи бонки "Эсхата" гуфт, ки 60 соҳибкор, ки муштарии онҳо будаанд, аз пардохти баҳраи бонк ба мудати ду моҳ озод шудаанд.

Қарзи соҳибкорони зарардидаи бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар намояндагони бонкҳо дар минтақа беш аз 15 миллион сомонӣ гуфта, вале зарари сӯхтор дар бозор 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Бозори "Фаровон" шаби 1-уми июни имсол оташ гирифт ва дар натиҷа як нафар ҷон бохта, ёздаҳ каси дигар осеб диданд. Соҳибкорони зиёде мегӯянд, ки пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки сӯхтор ба сабаби "расидани ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор" сар зад. Қаблан баъзе аз шоҳидон фарзияи "оташ гирифтани балонҳои гази моеъ"-ро гуфта буданд.

Бозори “Фаровон” дар маркази Бохтар бори аввал нест, ки оташ мегирад. Дар гузашта ҳам ин бозор ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои амниятӣ як дафъа сӯхт ва садҳо соҳибкору тоҷир зиён дидаву муфлис шуданд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG